Панҷшанбе 20 Ҷумода-л-уло 1446 - 21 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

ДУРӮҒИ АПРЕЛ

Таърихи нашр : 01-04-2021

Мушоҳидаҳо : 1761

Ҳамду сано барои Аллоҳ, Ӯро ҳамду сано мегӯем ва аз Ӯ мададу омурзиш металабем ва аз шарри нафсҳоямон ва аз амалҳои бадамон ба Аллоҳ паноҳ мебарем. Шахсеро Аллоҳ ҳидоят кунад, ӯро гумроҳкунандае нест ва шахсеро ки Аллоҳ гумроҳ кунад, ӯро ҳидояткунандае нест.

Ва баъд:

Ҳамоно дурӯғ аз бадтарин ахлоқ аст ва ҳамаи шариатҳо аз он бим намудаанд ва ҳамаи фитратҳо бар нодуруст будани он иттифоқ кардаанд ва соҳибони муруввату ақли солим низ инро мегӯянд.

"Ростгӯи яке аз пояҳои бақои олам ва асоси амалҳои некӯ ва рукни паёмбарӣ ва натиҷаи тақво мебошад. Агар ростгӯӣ намебуд, аҳкоми ҳамаи шариатҳо аз байн мерафтанд. Мавсуф шудан ба дурӯғгӯӣ, ин берун шудан аз инсоният аст, зеро сухан гуфтан махсуси инсон аст".

"Бариқату маҳмудия"-и Муҳаммад Ал-Ҳодимӣ, (3/183).

Шариати ҳанифамон дар Қуръону ҳадис аз дурӯғгӯӣ таҳзир намудааст ва бар ҳаром будани он ҳамаи олимон иҷмоъ кардаанд. Ва барои дурӯғгӯ дар дунёву охират оқибати баде хоҳад буд.

Шариат дурӯғгӯиро ҷоиз намедонад, магар дар баъзе корҳои муайяне ки сабаби хӯрдани ҳаққи дигарон, хунрезӣ, таъна задан дар шарафу обрӯи дигарон ва ғайра набошад. Балки (дурӯғгӯӣ) дар ин мавридҳо сабаби наҷоти ҷони инсон ё оштӣ намудани ду нафар ё эҷоди муҳаббат байни зану шавҳар мебошад.

Дар шариат ягон рӯз ё ягон лаҳзае наомадааст, ки дар он барои мард ҷоиз бошад, ки дурӯғ бигӯяд ва ҳар суханеро ки бихоҳад, бигӯяд. Он чизе ки дар байни мардум бо номи "дурӯғи найсон" ё ин ки "дурӯғи апрел" паҳн шудааст, ки онҳо гумон мекунанд, ки дар рӯзи аввали моҳи чаҳоруми шамсӣ (найсон) дурӯғ гуфтан бе зобити шаръӣ ҷоиз мебошад.

Ва дар ҳақиқат ба сабаби ин амал мафсадаҳои зиёде ба вуҷуд меояд, ки баъзе аз онҳо дар поён зикр мешавад.

Ҳаром будани дурӯғгӯӣ:

1. Аллоҳ таъоло фармудааст:

إِنَّمَا يَفْتَرِي الْكَذِبَ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِآيَاتِ الله وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْكَاذِبُونَ   (النحل: ١٠٥).

«Ҷуз ин нест, ки ифтиро мекунанд дурӯғро ононе ки ба оятҳои Аллоҳ имон надоранд ва эшон дурӯғгӯёнанд».    (Сураи Наҳл: 105).

Ибни Касир гуфтааст:

Сипас Аллоҳ таъоло хабар додааст, ки паёмбараш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ифтирокунанда (тӯҳматкунанда) ва дурӯғгӯ нест, зеро дурӯғро бар Аллоҳу паёмбараш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бадтарини халқ ифтиро мекунанд, ононе ки ба оятҳои Аллоҳ имон намеоваранд, ба монанди кофирону мулҳидон (бединон), ки дар байни мардум ба дурӯғгӯӣ машҳур мебошанд. Паёмбар Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ростгӯтарин ва некӯкортарини мардум буд ва инчунин комилтарини мардум аз рӯи илму амал ва имону яқин буд ва ӯ дар назди қавми худ ба ростгӯӣ машҳур буд, ки ҳеҷ касе аз онон дар ростгӯияш шакке намекард, тавре ки ӯро танҳо бо номи "Амин" нидо мекарданд. Аз ин рӯ, Ҳирақл шоҳи Рум вақте ки Абусуфёнро аз сифати расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид, яке аз саволҳояш чунин буд: Оё шумо пеш аз ин ки ӯ ин суханонро бигӯяд, ба дурӯғгӯӣ ӯро иттиҳом карда будед? (Абусуфён) гуфт: Не. Сипас Ҳирақл гуфт: Пас чунин нест, ки ӯ барои мардум аз дурӯғ дурӣ биҷуяд ва ба Аллоҳ таъоло дурӯғ бигӯяд.

"Тафсири Ибин Касир" (2/588).

2. Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шуда аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Нишонаи мунофиқ се аст. Ҳар гоҳ сухан гӯяд, дурӯғ мегӯяд ва ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф мекунад ва ҳар гоҳ ба ӯ амонате дода шавад, хиёнат мекунад».

Ривояти Бухорӣ (33) ва Муслим (59).

Нававӣ гуфтааст:

Он чизеро ки муҳаққиқин ва аксари донишмандон гуфтаанд - ва он дидгоҳи дурусттарини баргузидашуда аст -  маънои он чунин мебошад: Ин сифатҳо сифатҳои мунофиқӣ аст ва соҳиби он ба мунофиқон дар ин сифатҳо монандӣ дорад ва ба ахлоқи онон мавсуф мебошад.

Маънои сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) «мувофиқи холис аст» чунин мебошад: Ӯ ба сабаби ин сифатҳо ба мунофиқон сахт монандӣ дорад. Баъзе аз донишмандон гуфтаанд: Ин оиди касест, ки дар ӯ ин сифатҳо бештар мушоҳида мешаванд. Аммо касе, ки дар ӯ ин сифатҳо хеле кам ба назар мерасанд, ба ин дохил намешавад. Ин дидгоҳи баргузида дар маънои ин ҳадис мебошад. Имом Абуисои Тирмизӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) маънои онро аз донишмандон мутлақан нақл карда гуфтааст: Маънои он дар назди донишмандон нифоқи амалӣ мебошад.   "Шарҳу Муслим" (2/46,47).

Бадтарин дурӯғ:

1. Дурӯғ гуфтан бар ҳаққи Аллоҳу расулаш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст.

Ва ин бузургтарин дурӯғ мебошад ва анҷомдиҳандаи он ба таҳдиди сахте гирифтор аст. Баъзе аз донишмандон анҷомдиҳандаи онро кофир донистаанд.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَلَا تَقُولُوا لِمَا تَصِفُ أَلْسِنَتُكُمُ الْكَذِبَ هَٰذَا حَلَالٌ وَهَٰذَا حَرَامٌ لِّتَفْتَرُوا عَلَى اللهِ الْكَذِبَ إِنَّ الَّذِينَ يَفْتَرُونَ عَلَى اللهِ الْكَذِبَ لَا يُفْلِحُونَ

   (النحل: ١١٦).

«Ва чизеро ки забонҳои шумо ба дурӯғ тавсиф мекунад, нагӯед: "Ин ҳалол аст ва он ҳаром", то бар Аллоҳ дурӯғ бандед. Ҳамоно касоне, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебанданд, растагор намешаванд».   (Сураи Наҳл: 116).

Аз Алӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Бар ман дурӯғ нагӯед, чунки касе бар ман дурӯғ бигӯяд, дохили оташ мешавад».   

Ривояти Бухорӣ (106).

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Касе, ки бар ман дурӯғ бибандад, пас ҷойгоҳи худро дар оташи дӯзах омода кунад».  

Ривояти Бухорӣ (110) ва Муслим (3).

Ибни Қаййим гуфтааст:

Ҷойгоҳ: Ҷое ки шахс ба сӯи он бар мегардад. Яъне: ба сӯи он баргашта, қарор мегирад. Ҷойгоҳ: Қароргоҳ ва ҷои истиқомати доимӣ мебошад. Аз ҷумла сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), ки фармудааст: «Касе, ки огоҳона бар ман дурӯғ бибандад, пас ҷойгоҳи худро дар оташи дӯзах омода кунад». Яъне ҷойгоҳи худро дар дӯзах бигирад, ҷойгоҳе ки дар он ҷо боқӣ мемонад ва дар он ҷо қарор мегирад. Қарор гирифтан дар он ҷо ба монанди қарор гирифтан дар манзил нест, ки дар он ҷо муддате бимонад ва сипас аз он ҷо ба ҷои дигаре бикӯчад.

"Тариқу-л-ҳиҷратайн" (саҳ 169).

Аз ҷумлаи дурӯғҳо ин дурӯғ гуфтан бар халқ мебошад, ба монанди:

2. Дурӯғ гуфтан дар хариду фурӯш.

Аз Абузар ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Се гуруҳ мардумоне вуҷуд доранд, ки Аллоҳ дар рӯзи қиёмат бо онҳо сухан намегӯяд ва на ба онҳо нигоҳ мекунад ва на онҳоро пок месозад ва барои онҳо азоби дарднок аст». Гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ин суханро се маротиба такрор кард. Абузар гуфт: Нокому зиёнкор гашт. Эй расулуллоҳ! Онҳо кистанд? Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Касе ки изори худро аз буҷулаки пояш дароз кунад, касе ки ба дигаре миннат гузорад ва касе ки молашро бо қасами дурӯғин бифурӯшад».

Ривояти Муслим (106).

Аз Ҳаким ибни Ҳизом (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Харидору фурӯшанда бо ихтиёранд, то вақте ки аз ҳам ҷудо нашаванд. - Ё ин ки гуфт: То вақте ки аз ҳам ҷудо шаванд. - Агар рост гуфтанд ва (айби молашонро) баён карданд, барои ҳарду дар хариду фурӯшашон барака дода мешавад ва агар (айби молашонро) бипӯшанд ва дурӯғ гӯянд, баракати хариду фурӯшашон аз байн меравад».

Ривояти Бухорӣ (1973) ва Муслим (532).

Шайхулислом Ибни Таймия гуфтааст:

Аллоҳ таъоло ба ростгӯӣ ва баён намудани айби мол амр кардааст ва аз дурӯғгӯӣ ва аз китмону пӯшидани чизе, ки ба донистан ва ошкор намудани он ниёз аст, наҳй кардааст. Чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадиси муттафақун алайҳ фармудааст: «Харидору фурӯшанда бо ихтиёранд то вақте ки аз ҳам ҷудо нашаванд. Агар рост гуфтанд ва (айби молашонро) баён карданд, барои ҳарду дар хариду фурӯшашон барака дода мешавад ва агар (айби молашонро) бипӯшанд ва дурӯғ гӯянд, баракати хариду фурӯшашон аз байн меравад».

Аллоҳ таъоло фармудааст:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُونُوا قَوَّامِينَ لِلَّهِ شُهَدَاءَ بِالْقِسْطِ وَلَا يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَآنُ قَوْمٍ عَلَىٰ أَلَّا تَعْدِلُوا اعْدِلُوا هُوَ أَقْرَبُ لِلتَّقْوَىٰ   (المائدة: ٨).

«Эй касоне, ки имон овардаед, барои Аллоҳ бархезед ва ба адолат шаҳодат диҳед. Душманӣ бо гурӯҳе шуморо водор накунад, ки адолат накунед. Адолат кунед, ки ин (кор) ба парҳезкорӣ наздиктар аст».   (Сураи Моида: 8).

"Минҳоҷу-с-сунна" (1/16).

3. Ҳаром будани дурӯғгӯӣ дар мавриди хобу рӯъё.

Ин он чизест, ки баъзеи онҳо даъво доранд, ки фалон чизро дар хоб дидааст, аммо ӯ рост намегӯяд, сипас дар субҳ чизҳои надидаашро ба мардум қисса мекунад.

Аз Ибни Аббос ривоят шудааст, ки паёмбар ‎(дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармудааст: «Ҳар касе аз рӯи дурӯғ даъво кунад, ки хобе дидааст, аммо онро надидааст, вазифадор мешавад, ки ду донаи ҷавро ба ҳам гиреҳ занад ва ҳаргиз ин корро карда наметавонад. Ҳар касе ба суҳбати гуруҳе гӯш андозад, ки онон дӯст надоранд касе сухани ононро бишнавад, - ё аз ӯ гурезонанд - дар рӯзи қиёмат ба гӯшаш сурби об кардашуда рехта мешавад. Ҳар касе сурате бикашад, (дар рӯзи қиёмат) азоб карда мешавад ва вазифадор мегардад, то дар он руҳ бидамад, дар ҳоле ки наметавонад руҳ бидамад».

Ривояти Бухорӣ (6635).

Мановӣ гуфтааст:

«Ду донаи ҷавро ба ҳам гиреҳ занад ва ҳаргиз ин корро карда наметавонад» зеро пайваст шудани яке ба дигаре одатан номумкин аст. Ӯ азоб карда мешавад, то он даме, ки ин корро накунад ва ин корро карда наметавонад. Гӯё ӯ мегӯяд, ки  ӯ вазифадор мешавад, ки кори наметонистаашро анҷом бидиҳад, пас барои анҷом надоданаш азоб карда мешавад. Ин барои ба азоби доимӣ гирифтор шудани ӯ киноя аст ... Сабаби махсус зикр шудани ҷав (шаир -شعير ) ин аст, ки дар хоб ба ҳиссиёт (шуур -شعور ) вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, (шаир - شعير) ва (шуур -شعور ) аз ҷиҳати иштиқоқ ба ҳам пайванданд. (Яъне решаи онон як аст).

Таҳдиди сахт бар ин он ворид шудааст - гарчанде ки дурӯғ дар ҳангоми бедорӣ метавонад аз он зарари бештар дошта бошад, зеро метавонад шаҳодат бар қатл ё бар муҷозот бошад, - зеро дурӯғ гуфтан дар мавриди хоб ин дурӯғ гуфтан бар Аллоҳ таъоло аст, чунки хоб ҷузъе аз паёмбарӣ мебошад. Он чи ки аз ҷузъиёти он аст, пас он аз ҷониби Аллоҳ таъоло мебошад. Дурӯғ бар Холиқ (офаридгор) аз дурӯғ гуфтан бар махлуқ бадтару зишттар аст.

"Файзу-л-қадир" (6/99).

4. Ҳар чизи шунидаро нақл кардан, ҳаром аст.

Аз Ҳафс ибни Осим ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Барои дурӯғгӯ будани мард кофист, ки ҳар он чиро мешунавад, нақл кунад».

Ривояти Муслим (5).

Нававӣ гуфтааст:

Аммо маънои ин ҳадис ва асарҳое, ки дар ин боб ворид шудаанд, чунин аст: Дар он оиди ҳар чизи шунидаро нақл кардан заҷру сарзаниш омадааст. Зеро одатан инсон ҳам чизҳои рост ва ҳам дурӯғро мешунавад. Бинобар ин, агар ӯ ҳар чизи шунидаашро нақл кунад, дурӯғ мегӯяд, чунки ӯ (ба мардум) дар бораи чизе, ки рух надодааст, хабар додааст. Пештар баён шуд, ки мазҳаби аҳли ҳақиқат ин аст, ки дурӯғ гуфтан ин хабар додан оиди чизе бар акси он аст. Шарт нест, ки он барқасдона бошад, вале барқасдона анҷом додани он шарти гуноҳ будани он аст. Аллоҳ донотар аст.

"Шарҳи Муслим" (1/75).

5. Дурӯғ гуфтан дар шӯхӣ.

Баъзе аз мардумон гумон мекунанд, ки дурӯғ гуфтан дар ҳангоми шӯхӣ барояшон ҷоиз аст. Ин баҳонаест, ки онҳо барои дурӯғи якуми найсон (апрел) ё дурӯғи рӯзҳои дигар пешниҳод мекунанд. Ин нодуруст аст. Дар шариати муборак барои ин кор ҳеҷ асосе вуҷуд надорад. Дурӯғ ҳаром аст, хоҳ ин корро ба таври шӯхӣ анҷом бидиҳад ва ё ба таври ҷиддӣ.

Дурӯғ гуфтан дар шӯхӣ, мисли дурӯғ гуфтан дар дигар ҳолатҳо ҳаром мебошад.

Аз Ибни Умар ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ман шӯхӣ мекунам, вале ҷуз ҳақ чизе намегӯям».

Ривояти Табаронӣ дар "Ал-Муъҷаму-л-кабир" (12/391).

Ин ҳадисро Ҳайсамӣ дар "Маҷмаъу-з-завоид" (8/89) ҳасан донистааст ва Шайх Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) онро дар "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (2494) саҳеҳ шуморидааст.

Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки мегӯяд: Баъзе аз саҳобагон гуфтанд: Эй расулуллоҳ! Ту бо мо шӯхӣ мекунӣ. Паёмбар фармуд: «Ман ҷуз ҳақ сухане намегӯям».

Ривояти Тирмизӣ (1990).

Абуисо гуфтааст: Ин ҳадиси ҳасану саҳеҳ аст.

Ҳадисе мисли ҳадиси мазкур дар китоби Табаронӣ, дар "Ал-Авсат" (8/305) ворид шудааст ва Ҳайсамӣ онро дар "Маҷмаъу-з-завоид" (9/17) ҳасан донистааст.

Аз Абдураҳмон ибни Абулайло ривоят шудааст, ки мегӯяд: Сахобагони расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо нақл кардаанд, ки онон ҳамроҳи расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба масире мерафтанд, марде аз онон хоб кард. Яке аз онон ба назди тири ӯ рафта, онро гирифт. Ҳангоме ки он мард бедор шуд, тарсид. Ҷамъият хандиданд. Паёмбар пурсид: Чаро механдед? Гуфтанд: Чизе нест, магар ин ки мо тирашро гирифтем ва ӯ тарсид. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Барои мусулмон раво нест, ки мусулмонеро битарсонад».

Абудовуд (5004) ва Аҳмад (22555) ин ҳадисро ривоят кардаанд ва ин лафзи Аҳмад мебошад.

Ин ҳадисро Шайх Албонӣ дар "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (7658) саҳеҳ донистааст.

Аз Абдуллоҳ ибни Соиб ибни Язид аз падараш, аз падаркалонаш ривоят шудааст, ки ӯ расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидааст, ки мегӯяд: «Ҳеҷ яке аз шумо моли бародарашро бо шӯхӣ ё ҷиддӣ нагирад. Касе асои бародарашро бигирад, пас онро ба ӯ бозгардонад».  

Ривояти Абудовуд (5003) ва Тирмизӣ (2160) бо ихтисор.

Ин ҳадисро Шайх Албонӣ дар "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (7578) ҳасан донистааст.

6. Дурӯғ гуфтан ҳангоми бозӣ бо кӯдакон.

Ҳангоми бозӣ бо кӯдакон мо бояд аз дурӯғгӯӣ барҳазар бошем, зеро ин бар иҷрокунандааш навишта мешавад. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз ин амал бим намудааст. Аз Абдуллоҳ ибни Омир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Модарам рӯзе маро нидо кард ва расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар хонаи мо нишаста буд. Модарам гуфт: Инҷо биё, ман ба ту чизе медиҳам. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Ба ӯ чи чиз додан мехостӣ?» Ӯ гуфт: Ман ба ӯ хурмо медиҳам. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: «Аммо агар ту ба ӯ чизе намедодӣ, бар номаи аъмоли ту дурӯғе навишта мешуд».

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе ба кӯдаке бигӯяд: Биё - инро бигир - сипас ба ӯ чизе надиҳад, пас ин дурӯғе аст».

Ривояти Абуовуд (4991).

Ин ҳадисро Шайх Албонӣ дар "Саҳеҳу-л-ҷомиъ" (1319) ҳасан донистааст.

7. Дурӯғ гуфтан барои хандонидан.

Аз Муовия ибни Ҳайда ривоят шудааст, ки мегӯяд: Ман паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мефармуд: «Вой бар касе, ки сухане мегӯяд, то мардумро бихандонад ва дурӯғ мегӯяд, вой бар ӯ, вой бар ӯ».

Тирмизӣ (235) ин ҳадисро ривоят карда, гуфтааст: Ин ҳадиси ҳасан аст. Инчунин Абудовуд (4990) ин ҳадисро ривоят кардааст.

Оқибати дурӯғ:

Шахси дурӯғгӯ ба азобу ҷазоҳои дунявии ҳалоккунанда ва азобу уқубатҳои ухравии хоркунанда таҳдид карда шудааст. Аз ҷумла:

1. Нифоқ дар қалб.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

فَأَعْقَبَهُمْ نِفَاقًا فِي قُلُوبِهِمْ إِلَىٰ يَوْمِ يَلْقَوْنَهُ بِمَا أَخْلَفُوا اللَّهَ مَا وَعَدُوهُ وَبِمَا كَانُوا يَكْذِبُونَ    (سورة التوبة: ٧٧).

«Пас (ин амал) нифоқро то рӯзе, ки Ӯро мулоқот мекунанд, дар дилҳояшон барқарор сохт, ба сабаби он чи ки ба Аллоҳ ваъда карда буданд, хилоф намуданд ва ба он хотир ки дурӯғ мегуфтанд».   (Сураи Тавба: 77).

Абдуллоҳ ибни Масъуд гуфтааст: Мунофиқро бо се нишона бишносед: Ҳар гоҳ сухан гӯяд, дурӯғ мегӯяд ва ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф мекунад ва ҳар гоҳ ба ӯ амонате дода шавад, хиёнат мекунад. Гуфт: Сипас ин оятро тиловат кард:

 وَمِنْهُم مَّنْ عَاهَدَ اللَّهَ لَئِنْ آتَانَا مِن فَضْلِهِ لَنَصَّدَّقَنَّ وَلَنَكُونَنَّ مِنَ الصَّالِحِينَ . فَلَمَّا آتَاهُم مِّن فَضْلِهِ بَخِلُوا بِهِ وَتَوَلَّوا وَّهُم مُّعْرِضُونَ . فَأَعْقَبَهُمْ نِفَاقًا فِي قُلُوبِهِمْ إِلَىٰ يَوْمِ يَلْقَوْنَهُ بِمَا أَخْلَفُوا اللَّهَ مَا وَعَدُوهُ وَبِمَا كَانُوا يَكْذِبُونَ    (سورة التوبة: ٧٥-٧٧).

«Баъзе аз онон бо Аллоҳ паймон бастанд, ки агар (Аллоҳ) аз фазли худ (насибе) ба мо бидиҳад, ҳатман, садақа хоҳем дод ва аз некӯкорон хоҳем буд. Пас чун (Аллоҳ) аз фазли худ ба онон (насибе) бахшид, бухл варзиданд ва эърозкунон рӯй гардонданд. Пас (ин амал) нифоқро то рӯзе, ки Ӯро мулоқот мекунанд, дар дилҳояшон барқарор сохт, ба сабаби он чи ки ба Аллоҳ ваъда карда буданд, хилоф намуданд ва ба он хотир ки дурӯғ мегуфтанд».   (Сураи Тавба: 75-77).

"Мусаннаф"-и Ибни Абушайба (6/125).

2. Роҳнамоӣ ба фуҷур (бадкорӣ) ва дӯзах.

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят аст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ростӣ некӣ аст. Некӣ ба сӯи ҷаннат роҳнамоӣ мекунад. Ҳамоно банда ба ростгӯӣ идома медиҳад, то ин ки назди Аллоҳ таъоло сиддиқ (ростгӯ) навишта мешавад. Дурӯғ гуфтан фуҷур (бадкорӣ) аст. Фуҷур (бадкорӣ) ба дӯзах роҳнамоӣ мекунад. Ҳамоно банда дурӯғ мегӯяд, то ин ки назди Аллоҳ таъоло каззоб (дурӯғгӯ) навишта мешавад».

Ривояти Бухорӣ (5743) ва Муслим (2607).

Санъонӣ гуфтааст:

Ин ҳадис баёнгари он аст, ки ҳар кас суханони ростро идома бидиҳад, ростгӯӣ хислати ӯ хоҳад шуд. Ҳар кас қасдан дурӯғ бигӯяд ва онро идома бидиҳад, дурӯғгӯӣ хислати ӯ хоҳад шуд. Зеро бо мумораса ва иктисоб сифатони хубу бад идома меёбанд.

Ин ҳадис далелест бар бузургии мақоми ростгӯӣ ва он инсонро ба биҳишт мебарад. Инчунин ин ҳадис далелест бар зиштии дурӯғгӯӣ ва он инсонро ба дӯзах мебарад. Ин илова бар лутфу бахшоиш барои ростгӯён ва балову ҷазо барои дурӯғгӯён дар дунё аст, зеро сухани шахси ростгӯ дар назди мардум қабул ва шаҳодати ӯ дар назди доварон мақбул аст ва ба хотири суханонаш маҳбубу дилписанд аст. Аммо шахси дурӯғгӯ баръакси ҳамаи ин аст.

"Субулу-с-салом" (2/687).

3. Шаҳодати ӯ номақбул аст.

Ибни Қаййим гуфтааст:

[Ҳикмати номақбул будани шаҳодати дурӯғгӯ]

Пурқувваттарин сабаби номақбул будани шаҳодат, фатво ва ривоят ин дурӯғгӯӣ аст, зеро ин харобӣ дар асбоби шаҳодат, фатво ва ривоят аст. Ин ба монанди шаҳодати нобино бар дидани ҳилол (моҳи нав) аст ва ба монанди шаҳодати кари ношунаво бар иқрори эътирофкунанда аст. Забони дурӯғгӯ ба манзалаи узвест, ки кор намекунанд, балки аз он ҳам бадтар аст. Бадтарин чизи мард ин забони дурӯғгӯянда аст.

"Иълому-л-муваққиъин" (1/95).

4. Сиёҳ шудани чеҳра дар дунёву охират.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ تَرَى الَّذِينَ كَذَبُوا عَلَى اللهِ وُجُوهُهُم مُّسْوَدَّةٌ    (الزمر: 60).

«Ва дар рӯзи қиёмат касонеро, ки бар Аллоҳ дурӯғ бастаанд, мебинӣ, ки рӯйҳояшон сиёҳ шудааст».   (Сураи Зумар: 60).

Ибни Қаййим гуфтааст:

Аз ин рӯ, Аллоҳ таъоло дар рӯзи қиёмат чеҳраҳои сиёҳро нишонаи шахсе мегардонад, ки бар Ӯ ва расулаш дурӯғ гуфтааст. Дурӯғгӯӣ дар сиёҳ шудани рӯй таъсири бузурге дорад. Дурӯғгӯӣ рӯйро бо пардаи буғзу кина мепӯшонад, ки онро ҳар як шахси ростгӯ дида метавонад. Симои дурӯғгӯ аз рӯяш маълум аст ва ҳар касе, ки чашм дорад, онро дида метавонад. Аллоҳ ба шахси ростгӯ ҳайбату эҳтиром мебахшад. Ҳар касе ӯро бубинад, ӯро эҳтиром мекунад ва дӯст медорад. Аммо Аллоҳ ба шахси дурӯғгӯ хорӣ ва буғзу бадбиниро медиҳад. Ҳар касе ӯро бубинад, ӯро бад мебинад ва таҳқир мекунад. Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

"Иълому-л-муваққиъин" (1/95).

5. Чок кардани як паҳлӯи даҳони дурӯғгӯ то қафои даҳонаш.

Аз Самура ибни Ҷундуб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки мегӯяд: «Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба саҳобагонаш зиёд мегуфт: Оё касе аз шумо хобе дидааст? Гуфт: Пас Аллоҳ он касеро ки хоста бошад, хобашро ба ӯ нақл мекард. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) як субҳгоҳе гуфт: Ду нафар ба назди ман омаданд ва маро бедор карданд ва ба ман гуфтанд: Бирав .. Пас рафтем ва ба назди марде расидем, ки ба пушт хобида буд ва марди дигаре дар болои сари ӯ истода ва қуллоб (чангак)-и оҳанине дар даст дошт ва дар ин ҳангом ӯ ба як тарафи даҳони мард омада, як тарафи даҳонашро то қафояш меканд (чок мекард) ва бинии ӯро то қафояш ва инчунин чашмашро то қафояш чок мекард. Сипас ба тарафи дигари мард мерафту, ҳамон тавре ки ба тарафи аввал карда буд, ҳамон амалро мекард. Ҳоло аз он тараф фориғ нашуда, тарафи аввали даҳонаш мисли пешина дуруст мешуд, сипас он марди истода ба назди ӯ баргашта, ҳамон кори аввалаашро такрор мекард. Гуфтам: Аллоҳ поку муназзаҳ аст. Инҳо киҳоянд? Ба ман гуфтанд: Бирав, бирав ... (Сипас дар мавриди шарҳи он ду фаришта оиди чизҳои дидааш гуфт): Аммо марде, ки ба наздаш рафтӣ, ки як тарафи даҳонаш то қафояш чок карда мешуд ва бинии ӯ то қафояш ва инчунин чашмаш то қафояш чок карда мешуд, он мард субҳ аз хонаи худ баромада, дурӯғ мегуфт, ки он ба гӯшаву канори дунё паҳн мешуд ..»

Ривояти Бухорӣ (5745).

Суханони ниёгон (гузаштагон) оиди дурӯғ:

1. Абдуллоҳ ибни Масъуд гуфтааст: «Ҳамоно мард рост мегӯяд ва ба ростгӯӣ идома медиҳад, ҳатто ин ки дар қалбаш барои фуҷур (бадкорӣ) ба андозаи як сӯзан ҳам ҷой боқӣ намемонад. Ҳамоно мард дурӯғ мегӯяд ва ба дурӯғгӯӣ идома медиҳад, ҳатто ин ки дар қалбаш барои ростгӯӣ ба андозаи як сӯзан ҳам ҷой боқӣ намемонад».

2. Инчунин Абдуллоҳ ибни Масъуд гуфтааст: «Дурӯғ дар ҷиддӣ ва шӯхӣ дуруст нест». Сипас Абдуллоҳ ибни Масъуд ояти зеринро тиловат кардааст:

 اتَّقُوا اللهَ وَكُونُوا مَعَ الصَّادِقِينَ    (التوبة: ١١٩).

«Аз Аллоҳ битарсед ва бо росгӯён бошед».   (Сураи Тавба: 119).

3. Абубакри Сиддиқ гуфтааст: «Аз дурӯғ дурӣ кунед, ки дурӯғ имонро дур мекунад».

4. Саъд ибни Абуваққос гуфтааст: «Мӯъмин ҳамаи хислатҳоро мепазирад, ба ғайри хиёнату дурӯғ».

5. Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфтааст: «Ба ҳақиқати имон намерасӣ, магар ин ки дурӯғро дар шӯхӣ тарк намоӣ».

"Мусаннаф"-и Ибни Абушайба (5/235, 236).

Дурӯғи ҷоиз

Дурӯғ дар се ҳолат ҷоиз аст: Ҷанг, ислоҳ байни ду шахси баҳскунанда ва дурӯғи шавҳар бар ҳамсари худ ё баръакс, ба хотири ба даст овардани муҳаббат ва дурӣ аз ихтилофу ҷудоӣ.

Аз Умми Кулсум духтари Уқба (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки ӯ шунидааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Касе, ки барои эҷоди сулҳу оштӣ миёни мардум сухани маслаҳатомезеро ба мардум бирасонад ва ё сухани маслаҳатомезе бар забон оварад, дурӯғгӯ ҳисобида намешавад».

Ривояти Бухорӣ (2546) ва Муслим (2605).

Аз Асмо духтари Язид ривоят аст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Дурӯғ раво нест, ҷуз дар се маврид: Мард бо зани худ гуфтугӯ мекунад, то ӯро хушнуд созад, дурӯғ дар ҷанг ва дурӯғ ба хотири ислоҳ байни мардум».  

Ривояти Тирмизӣ (1939).

Ин ҳадисро Шайх Албонӣ дар китоби "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (7723) ҳасан донистааст.

Дурӯғи найсон (апрел)

Аммо дар мавриди дурӯғи апрел, пайдоиши ин дурӯғ дақиқ маълум нест. Дар ин бора дидгоҳҳои мухталиф вуҷуд доранд:

Баъзеашон зикр кардаанд, ки дурӯғи апрел бо идҳои баҳор, ҳангоми баробар шудани шабу рӯз, дар 21-уми моҳи озор (март) пайдо шудааст .....

Баъзеи онҳо мегӯянд, ки ин навоварӣ дар Фаронса соли 1564-и мелодӣ, пас аз ҷорӣ кардани тақвими нав пайдо шудааст. Чуноне ки зикр шуд, чун шахсе ки тақвими навро рад мекард, дар рӯзи якуми апрел қурбонии баъзе одамоне мешуд, ки ӯро шарманда мекарданд ва ӯро масхара менамуданд, бинобар ин ӯ мавриди масхараи дигарон қарор мегирифт.

Баъзе онҳо мегӯянд, ки ин навоварӣ ба асрҳои қадим ва ҷашнҳои бутпарастӣ ба сабаби алоқа доштанаш ба таърихи муайяне дар саршавии баҳор бармегардад. Бинобар ин дурӯғи апрел аз бақоёи маросими бутпарастӣ мебошад. Мегуфтанд, ки шикор дар баъзе кишварҳо дар рӯзҳои аввали шикор дар баъзе кишварҳо номуваффақ мебошад. Ин пайдоиши дурӯғҳоест, ки дар рӯзи якуми апрел сохта мешаванд.

Моҳии апрел: Аврупоиён дурӯғи апрелро "моҳии апрел" меноманд ... ... ... Сабаби номгузорӣ бо ин ном дар он аст, ки офтоб дар он вақт аз бурҷи ҳут (моҳӣ) ба бурҷи дигар ҳаракат мекунад. Ё ин ки калимаи "пуассон" ки дар боло зикр шуд, маънояш моҳии сӯхта мебошад, ки аз лафзи "пассон" аст, ки маънояш "азоб" мебошад. Чун он рамзи азобе мебошад, ки Исо (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ранҷ дидааст, чуноне ки насоро даъво менамоянд ва гумон мекунанд, ки дар якуми апрел рух додааст.

Ин рӯз дар назди баъзе аз кофирон рӯзи ҳамаи аблаҳону нодонон номида мешавад, чуноне ки англисҳо он рӯзро чинин ном кардаанд. Ин аз он сабаб аст, ки онҳо дурӯғҳое мегӯянд, гоҳо шахсе, ки онҳоро мешунавад, ба онҳо бовар мекунад ва ба ин васила қурбонии он мешавад, аз ин рӯ, ӯро масхара мекунанд.

Аввалин дурӯғи апрел дар забони англисӣ дар маҷаллае зикр шуда буд, ки бо номи "Маҷаллаи Дрек" маъруф буд ... ... ... Дар рӯзи дуюми апрели соли 1698-и мелодӣ, ин маҷалла зикр кард, ки теъдоде аз мардумон даъват карда шуданд, ки субҳи рӯзи якуми апрел ба тамошои шустушӯи сиёҳпӯстон ба бурҷи Лондон биёянд.

Яке аз ҳодисаҳои машҳуре, ки дар Аврупо, дар рӯзи якуми апрел рух дод, ин буд, ки рӯзномаи "Евенинг Стар"-и англисӣ моҳи марти соли 1746 эълон кард, ки пагоҳ - якуми апрел - намоиши харҳо дар назди палатаи кишоварзии Ислингтон, Англия баргузор мешавад. Мардум ба тамошои ин ҳайвонҳо шитофтанд ва ҷамъияти азиме ҷамъ шуда буданд. Онҳо мунтазириро идома доданд ва вақте ки аз интизорӣ хаста шуданд, вақти намоиши харҳоро пурсиданд. Онҳо чизе пайдо накарданд, сипас онҳо фаҳмиданд, ки барои намоиш додани худ омадаанд, гӯё онҳо хар бошанд !!

Ба китоби "Казибату абрил, найсон аслуҳа-т-торихӣ ва ҳукмуҳа-ш-шаръӣ"-и Доктор Осим ибни Абдуллоҳ Ал-Қарютӣ нигаред.

Барои мо донистани асли ин дурӯғ муҳим нест, ба андозае ки ҳукми дурӯғ гуфтан дар ин рӯз муҳим аст. Мо яқинан мегӯем, ки ин амал дар асрҳои аввали Ислом вуҷуд надошт. Маншаъ ва сарчашмаи он аз мусулмонон нест, балки он аз душманони онон аст.

Ҳодисаҳое ки бо сабаби дурӯғи апрел воқеъ шудаанд, зиёд мебошанд. Баъзе аз мардум хабар додааст, ки фарзанд ё ҳамсар ё дӯсти ӯ вафот кардааст ва ӯ ин хабари ногаҳониро таҳаммул накарда, вафот кардааст. Баъзеи дигар гуфтааст, ки ӯро аз вазифа гирифтаанд, ё сӯхторе ё садамае рух додааст, ки дар натиҷаи он оилааш ба фалаҷ ё сактаи дил ё ба ин монанд бемориҳо гирифтор шудааст.

Ба баъзе мардумон дар бораи ҳамсараш сухани дурӯғ гуфта мешавад, ки ӯро бо марди бегона дидаанд ва ин боис мешавад, ки он зан кушта мешавад ва ё талоқ дода мешавад.

Ин гуна қиссаҳо ба охир намерасад ва ин гуна ҳодисаҳо бепоён аст, ки сабаби ҳамаи он дурӯғест, ки дину ақл онро ҳаром гардонидаанд ва муруввату мардонагӣ онро қабул надоранд.

Мо дидем, ки чӣ гуна шариат дурӯғгӯиро ҳатто бо шӯхӣ ҳаром кардааст ва инчунин шариат манъ намудааст, ки мусулмоне тарсонида шавад, хоҳ бо ҷиддӣ бошад, ё бо шӯхӣ дар сухан ё дар амал.

Ин шариати Аллоҳ аст, ки дар он ҳикмат ва лутфу меҳрубонӣ ба аҳволи мардумон ва ислоҳи онон аст.

Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст.