Панҷшанбе 18 Ҷумода-л-охира 1446 - 19 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми чидан ва кӯтоҳ кардани абрӯвони зан

Таърихи нашр : 14-02-2023

Мушоҳидаҳо : 1861

Савол

Баъзе аз занҳо барои ороиши абрӯвони худ ба назди ороишгар мераванд. Ороишгар як қисми мӯйи абрӯро метарошад ва ё кӯтоҳ мекунад. Ҳукми он чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

 Кӯтоҳ намудани мӯи абрӯ ва ё ба шакл даровардани он бо кӯтоҳ кардан, тарошидан ва ё кандани мӯйҳои атрофи он барои ороиш, чуноне ки имрӯзҳо баъзе аз занон ин корро мекунанд, ҳаром аст, зеро ин амал тағйир додани офариниши Аллоҳ ва пайравӣ аз шайтон дар мағрур сохтани инсон ва дастур додани ӯ ба тағйир додани офариниши Аллоҳ аст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

إِنَّ اللهَ لَا يَغْفِرُ أَن يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَاءُ وَمَن يُشْرِكْ بِاللهِ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا بَعِيدًا إِن يَدْعُونَ مِن دُونِهِ إِلَّا إِنَاثًا وَإِن يَدْعُونَ إِلَّا شَيْطَانًا مَّرِيدًا لَّعَنَهُ اللهُ وَقَالَ لَأَتَّخِذَنَّ مِنْ عِبَادِكَ نَصِيبًا مَّفْرُوضًا وَلَأُضِلَّنَّهُمْ وَلَأُمَنِّيَنَّهُمْ وَلَآمُرَنَّهُمْ فَلَيُبَتِّكُنَّ آذَانَ الْأَنْعَامِ وَلَآمُرَنَّهُمْ فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلْقَ اللهِ وَمَن يَتَّخِذِ الشَّيْطَانَ وَلِيًّا مِّن دُونِ اللَّهِ فَقَدْ خَسِرَ خُسْرَانًا مُّبِينً

سورة النساء: ١١٦ - ١١٩

«Ҳаройина Аллоҳ ин гуноҳро, ки ба ӯ ширк оварда шавад, намеомурзад ва ғайри онро барои ҳар ки бихоҳад, меомурзад. Ва ҳар ки ба Аллоҳ ширк оварад, пас бешак дар гумроҳии дуру дарозе афтодааст.

(Мушрикон) Ба ҷойи Аллоҳ бутҳои модинаеро мехонанд ва (дар ҳақиқат) ҷуз шайтони саркашро намехонанд. Аллоҳ ӯро аз раҳмати худ дур сохт ва ӯ гуфт: "Аз бандагони Ту ҳиссаи муайяне хоҳам гирифт. Ва албатта онҳоро гумроҳ мекунам ва онҳоро ба орзуҳои ботил меафканам ва ба онҳо дастур медиҳам, ки гӯши чаҳорпоёнро бишкофанд ва ба онҳо дастур медиҳам, то офариниши Аллоҳро тағйир диҳанд". Ва ҳар ки шайтонро ба ҷойи Аллоҳ дӯсти худ бигирад, ба ростӣ зиёни ошкоре кардааст».   (Сураи Нисо: 116 - 119).

Дар "Саҳиҳ" аз Ибни Масъуд (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки ӯ мефармояд: "Аллоҳ лаънат кунад занонеро ки холкӯбӣ мекунанд ва занонеро ки мехоҳанд барои онҳо холкӯбӣ кунанд ва занонеро ки абрӯҳоро борик мекунанд ва занонеро ки мехоҳанд абрӯҳои онҳоро борик кунанд ва занонеро ки байни дандонҳо ба хотири зебоӣ фосила меяфкананд, касоне ки офариниши Аллоҳро тағйир медиҳанд".

Сипас гуфт: Оё касеро ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) лаънат намудааст, лаънат накунам? Ва он дар китоби Аллоҳ таъоло вуҷуд дорад, ки Ӯ фармудааст:

وَمَا ءَاتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا

سورة الحشر: ٧

«Ва он чи паёмбар ба шумо дод, онро бигиред ва аз он чи шуморо манъ кард, боз истед».   (Сураи Ҳашр: 7).

Сарчашма: "Фатово-л-лаҷнату-д-доима"