Ҷумъа 10 Раҷаб 1446 - 10 Январ 2025
Тоҷикӣ

Оё намози таҳияи масҷид бихонад ё ба азон гӯш андозад?

Савол

Ба масҷид ворид шудам, ки барои намоз азон хонда мешуд. Дар ин ҳолат, намози таҳияи масҷид бихонам ё то тамом шудани азон интизор шавам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Беҳтар аст, ки аввал ба азон посух бидиҳад, сипас намози таҳияи масҷид бихонад, то ин ду фазилатро ҷамъ намояд. Масъала дар ин маврид васеъ аст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто: 7/373