Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ҳукми ба духтар Тулин ном гузоштан

04-10-2020

Савол 102453

Ҳукми ба духтари навзод Тулин ном гузоштан чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ба фарзандон бояд номҳои неки хушмаъно ниҳода шавад. Номҳо дорои маъноҳо ҳастанд. Ҳар як инсон аз номи худ насибе дорад.

Номҳои модарони мӯъминон, ба монанди Хадиҷа, Оиша, Зайнаб ва номҳои саҳобазанони арҷманд ба монанди Фотима ва Асмо аз ҷумлаи номҳои хуб ба ҳисоб мераванд.

Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (14622) ва (101401) нигаред.

Аммо дар мавриди номгузорӣ бо номҳои кофирон, ҳадди ақал макрӯҳ аст, зеро ин ба эҳтироми кофирон мебарад ва шояд боиси тақлиду монандӣ ба онҳо мегардад, ба монанди касе ки масалан ба духтари худ Диана ном гузорад.

Номе, ки зикр кардӣ, мо маънои онро намедонем ва фикр намекунем, ки ба духтар ин ном гузошта шавад. Балки бояд ба ӯ номи хубе интихоб карда шавад, ки бар мусулмон будани ӯ далолат кунад ва писарону духтаронаш дар оянда аз ин ном шарм надоранд.

   Аллоҳ донотар аст.

Номҳо, кунияҳо ва лақабҳо
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб