Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Бар асоси Қуръон ва ё суннат (ҳадис), чаро Аллоҳ инсониятро офаридааст?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аллоҳ ҷин ва инсонро барои ибодат, тавҳид, итоат намудани фармонҳо ва дурӣ кардан аз наҳйҳои худ офарид.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ
سورة الذاريات: ٥٦
«Ман ҷинну инсро наёфаридаам, магар барои он ки Маро ибодат бикунанд». (Сураи Зориёт: 56).
Яъне: Ӯро ягона шуморанд ва ибодатро танҳо барои Ӯ анҷом бидиҳанд, на барои дигарон.
Яке аз шартҳои дурустии ибодат ин имон овардан ба паёмбари Ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва пайравӣ намудани ӯ мебошад, зеро ӯ пешво ва намуна аст.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
لَّقَدْ كَانَ لَكُمْ فِى رَسُولِ ٱللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ
سورة الأحزاب: ٢١
«Албатта барои шумо дар (рафтору гуфтори) расулуллоҳ сармашқу улгӯи некуе аст». (Сураи Аҳзоб: 21).