Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Насроние мепурсад, ки чаро Аллоҳ инсониятро офаридааст?

Савол

Бар асоси Қуръон ва ё суннат (ҳадис), чаро Аллоҳ инсониятро офаридааст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ ҷин ва инсонро барои ибодат, тавҳид, итоат намудани фармонҳо ва дурӣ кардан аз наҳйҳои худ офарид.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ

سورة الذاريات: ٥٦

«Ман ҷинну инсро наёфаридаам, магар барои он ки Маро ибодат бикунанд».   (Сураи Зориёт: 56).

Яъне: Ӯро ягона шуморанд ва ибодатро танҳо барои Ӯ анҷом бидиҳанд, на барои дигарон.

Яке аз шартҳои дурустии ибодат ин имон овардан ба паёмбари Ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва пайравӣ намудани ӯ мебошад, зеро ӯ пешво ва намуна аст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

لَّقَدْ كَانَ لَكُمْ فِى رَسُولِ ٱللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ

سورة الأحزاب: ٢١

«Албатта барои шумо дар (рафтору гуфтори) расулуллоҳ сармашқу улгӯи некуе аст».   (Сураи Аҳзоб: 21).

Сарчашма: Шайх Абдулкарим Ал-Хузайр