Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё барои мусалмон ҷоиз аст, ки баъд аз қазои ҳоҷат дар ҳаммом, дар дохили ҳаммом "Бисмиллоҳ" бигӯяд ва сипас вузӯ намояд, ё бояд хориҷ шуда, "Бисмиллоҳ" бигӯяд, ва пас аз он даромада, вузӯ намояд? (Зеро вузӯи касе, ки "Бисмиллоҳ" нагуфтааст, дуруст нест). Оё ҷоиз аст, ки ҳангоми ғусл кардан дар ҳаммом Аллоҳ таъолоро зикр намоям?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Шайх Ибни Усаймин оиди ин масъала пурсида шуд. Дар ҷавоб гуфт:
Ҳангоме ки инсон дар ҳаммом аст, бояд "Бисмиллоҳ"-ро бо дили худ бигӯяд ва онро бо забони худ нагӯяд. Пас, агар чунин бошад, бидон ки бар асоси ин, дидгоҳи сеҳеҳ он аст, ки "Бисмиллоҳ" гуфтан воҷиб нест, балки мустаҳаб аст. Бинобар ин набояд ба васвасаҳо ва ғафлат таваҷҷӯҳ намоӣ.