Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Бисмиллоҳ гуфтан барои вузӯ, ҳангоме ки шахс дар ҳаммом бошад

21895

Таърихи нашр : 15-01-2021

Мушоҳидаҳо : 1955

Савол

Оё барои мусалмон ҷоиз аст, ки баъд аз қазои ҳоҷат дар ҳаммом, дар дохили ҳаммом "Бисмиллоҳ" бигӯяд ва сипас вузӯ намояд, ё бояд хориҷ шуда, "Бисмиллоҳ" бигӯяд, ва пас аз он даромада, вузӯ намояд? (Зеро вузӯи касе, ки "Бисмиллоҳ" нагуфтааст, дуруст нест). Оё ҷоиз аст, ки ҳангоми ғусл кардан дар ҳаммом Аллоҳ таъолоро зикр намоям?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайх Ибни Усаймин оиди ин масъала пурсида шуд. Дар ҷавоб гуфт:

Ҳангоме ки инсон дар ҳаммом аст, бояд "Бисмиллоҳ"-ро бо дили худ бигӯяд ва онро бо забони худ нагӯяд. Пас, агар чунин бошад, бидон ки бар асоси ин, дидгоҳи сеҳеҳ он аст, ки "Бисмиллоҳ" гуфтан воҷиб нест, балки мустаҳаб аст. Бинобар ин набояд ба васвасаҳо ва ғафлат таваҷҷӯҳ намоӣ.

Сарчашма: Фатовои исломӣ, Ҷ/1, саҳ/299