Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Баъзе масҷидҳо ҳангоми намози шаб чароғҳоро паст ё хомӯш мекунанд, оё ин бидъат ҳисобида мешавад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ин саволро ба шайхамон Абдураҳмон Ал-Баррок (Аллоҳ таъоло ӯро ҳифз кунад) пешниҳод кардам, дар ҷавоб гуфт:
"Паст ё хомӯш кардани чароғҳо дар ҳангоми намози шаб, кори хуб аст ва дар он ҳеҷ ишколе нест ва он аз ҷумлаи ғулувву зиёдравӣ ва такаллуф ҳисобида намешавад, зеро чароғҳою равшаниҳои хеле баланд инсонро машғул месозанд ва чашмони ӯро парешон мекунанд. Торикӣ ва равшании ором барои қалбу чашм беҳтару хубтар мебошанд". Поёни сухан.
Халлол дар китоби "Ал-Амру би-л-маъруфи ва-н-наҳю ани-л-мункар" (саҳ: 81) аз Абуумайя Муҳаммад ибни Иброҳим ривоят кардааст, ки ӯ гуфтааст: Ман аз Абуабдуллоҳ (Имом Аҳмад) оиди қавме, ки ҷамъ мешаванд ва қорӣ барояшон бо садои ғамангез тиловат мекунад ва шояд чароғҳоро хомӯш мекунанд.
Аҳмад ба ман гуфт: "Агар ӯ бо қироати Абумӯсо тиловат намояд, ҳеҷ боке надорад". Поёни сухан.
Аллоҳ донотар аст.