Ҷумъа 19 Ҷумода-л-охира 1446 - 20 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми паст ё хомӯш кардани чароғҳо ҳангоми намози шаб?

255082

Таърихи нашр : 14-05-2021

Мушоҳидаҳо : 1485

Савол

Баъзе масҷидҳо ҳангоми намози шаб чароғҳоро паст ё хомӯш мекунанд, оё ин бидъат ҳисобида мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин саволро ба шайхамон Абдураҳмон Ал-Баррок (Аллоҳ таъоло ӯро ҳифз кунад) пешниҳод кардам, дар ҷавоб гуфт:

"Паст ё хомӯш кардани чароғҳо дар ҳангоми намози шаб, кори хуб аст ва дар он ҳеҷ ишколе нест ва он аз ҷумлаи ғулувву зиёдравӣ ва такаллуф ҳисобида намешавад, зеро чароғҳою равшаниҳои хеле баланд инсонро машғул месозанд ва чашмони ӯро парешон мекунанд. Торикӣ ва равшании ором барои қалбу чашм беҳтару хубтар мебошанд".   Поёни сухан.

Халлол дар китоби "Ал-Амру би-л-маъруфи ва-н-наҳю ани-л-мункар" (саҳ: 81) аз Абуумайя Муҳаммад ибни Иброҳим ривоят кардааст, ки ӯ гуфтааст: Ман аз Абуабдуллоҳ (Имом Аҳмад) оиди қавме, ки ҷамъ мешаванд ва қорӣ барояшон бо садои ғамангез тиловат мекунад ва шояд чароғҳоро хомӯш мекунанд.

Аҳмад ба ман гуфт: "Агар ӯ бо қироати Абумӯсо тиловат намояд, ҳеҷ боке надорад".   Поёни сухан.

    Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид