Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ҳукми хариди хӯрока барои закоти фитр, пеш аз вақти он

29-04-2021

Савол 7175

Маркази исломие дар яке аз кишварҳои ғарбӣ миқдори зиёди хӯрока, ба монанди биринҷро масалан даҳ рӯз пеш аз ид харидорӣ мекунад, сипас эълон мекунад, ки барои гирифтани маблағҳои мусулмонон барои хариди закоти фитр омодааст. Пас аз он, закоти фитрро аз номи онон пардохт (ва тақсим) менамояд. Зеро агар (маркази исломӣ) пулҳоро (аз мардум) як ё ду рӯз пеш аз ид бигирад, хариди ин миқдор хӯрока имконпазир нахоҳад буд. Ҳукми ин чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Саволи зеринро ба шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин пешниҳод кардем, (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) чунин ҷавоб дод:

Ҳеҷ боке нест, ки марказ хӯроквориро муддате пештар бихарад, сипас онро ба касоне, ки мехоҳанд закоти фитр бихаранд, бифурӯшад ва сипас закоти фитр дар вақти шаръияш пардохт карда шавад.

Закоти фитр
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб