Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Сабаби зиёд шудани имон кадом аст?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Барои зиёдшавии имон якчанд сабабҳо вуҷуд дорад:
Сабаби аввал: Шинохти Аллоҳ таъоло бо номҳову сифатонаш.
Зеро ҳар қадаре, ки шиносоии инсон нисбат ба Аллоҳ ва номҳову сифатонаш бештар шавад, бидуни шак имонаш низ зиёд мешавад. Аз ин рӯ, мебинӣ, ки донишмандоне, ки оиди номҳову сифатони Аллоҳ нисбати дигарон дониши бештар доранд, имонашон аз дигарон дар ин замина қавитар аст.
Сабаби дуввум: Тафаккур дар оёти кавнӣ ва шаръии Аллоҳ таъоло.
Зеро инсон ҳар қадаре, ки дар оёти кавнӣ, ки он махлуқоти Аллоҳ аст, тафаккур кунад, имонаш зиёд мешавад.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَفِي الْأَرْضِ آيَاتٌ لِّلْمُوقِنِينَ ❁ وَفِي أَنفُسِكُمْ ۚأَفَلَا تُبْصِرُونَ
سورة الذاریات: ٢٠ - ٢١
«Дар замин нишонаҳое барои аҳли яқин аст ва низ дар вуҷуди худатон. Оё намебинед?» (Сураи Зориёт: 20 - 21).
Оятҳои зиёде вуҷуд доранд, ки ба ин чиз далолат мекунанд. Ман он оятҳоеро дар назар дорам, ки баёнгари он аст, ки бо сабаби тадаббуру тааммул дар ин коинот имони инсон зиёд мешавад.
Сабаби саввум: Бисёр анҷом додани тоату ибодатҳо.
Зеро ҳар қадаре, ки тоату ибодатҳои инсон зиёд шавад, имонаш низ бо сабаби он бештар мешавад, хоҳ он тоату ибодатҳо қавлӣ бошанд ва хоҳ амалӣ. Зикр миқдор ва сифати имонро зиёд менамояд ва ҳамчунин намозу рӯза ва ҳаҷ низ миқдор ва сифати имонро зиёд мекунанд.