Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё ҷоиз аст, ки барои ҳаҷ сафар карда, аз Макка молу коло харида, онро дар кишвари худ бифурӯшам, то фоида ба даст биёварам?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Тиҷорат намудан дар мавсими ҳаҷ ҷоиз аст. Табарӣ дар тафсири худ бо санад аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) дар тафсири ояти зерин: «Бар шумо гуноҳе нест, ки (дар мавсими ҳаҷ) аз Парвардигори худ фазл (ва рӯзӣ) талаб намоед (ва тиҷорат бикунед)» ривоят намудааст, ки ӯ мегӯяд: Хариду фурӯш намудан пеш аз эҳром ва баъд аз он ҳеҷ ишколе надорад.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.