Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ ба хотири ҳаҷ ва тиҷорат сафар мекунад

Савол

Оё ҷоиз аст, ки барои ҳаҷ сафар карда, аз Макка молу коло харида, онро дар кишвари худ бифурӯшам, то фоида ба даст биёварам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Тиҷорат намудан дар мавсими ҳаҷ ҷоиз аст. Табарӣ дар тафсири худ бо санад аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) дар тафсири ояти зерин: «Бар шумо гуноҳе нест, ки (дар мавсими ҳаҷ) аз Парвардигори худ фазл (ва рӯзӣ) талаб намоед (ва тиҷорат бикунед)» ривоят намудааст, ки ӯ мегӯяд: Хариду фурӯш намудан пеш аз эҳром ва баъд аз он ҳеҷ ишколе надорад.

     Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Ниг: "Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (11/13).