Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман бо ҳамроҳи писарам ҳаҷ кардам ва ӯ тамоми хароҷоти ҳаҷро пардохт кард, аммо ман мехостам бо пули худам ҳаҷ кунам. Оё ин бар дурустии ҳаҷҷам таъсире дорад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ҳеҷ боке надорад, ки инсон бо моли шахси дигаре ҳаҷ кунад, хоҳ он шахс писараш бошад, хоҳ бародараш ва хоҳ дӯсташ ва ғайра. Ин ба дурустии ҳаҷ таъсире надорад. Аз шартҳои дурустии ҳаҷ ин нест, ки бояд инсон пули худро барои ҳаҷ харҷ кунад.
Аз Кумитаи доимӣ оиди зане пурсиданд, ки мизбон тамоми хароҷоти ҳаҷашро бар ӯҳда гирифтааст. Оё ҳаҷҷи ӯ дуруст аст?
Чунин посух доданд:
Ин ки аз моли худ барои ҳаҷ харҷ накардааст ва ё андаке харҷ кардааст ва бештари хароҷоти ҳаҷҷашро каси дигаре пардохтааст, ба дурустии ҳаҷ таъсире надорад. Аз ин рӯ, агар дар ҳаҷҷаш тамоми шартҳо, рукнҳо ва воҷибҳо риоя шуда бошанд, фаризаи ҳаҷ аз ӯ соқит мегардад, агарчи хароҷоти онро каси дигаре пардохта бошад. Поёни сухан.
"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (11/34).
Аз Кумитаи доимӣ (11/36) оиди ҳукми ҳаҷҷе пурсиданд, ки хароҷоти он аз ҷониби ҳоким пардохта шудааст. Чунин посух доданд:
Ин барояшон ҷоиз аст ва ҳаҷҷашон бо назардошти умуми далелҳо дуруст аст. Поёни сухан.
Ҳамчунин дар фатовои Кумитаи доимӣ (11/37) омадааст:
Агар фарзанд ҳаҷҷи фаризаро бо пули падараш анҷом бидиҳад, ҳаҷҷаш дуруст мебошад. Поёни сухан.
Ҳамчунин Кумитаи доимӣ (11/40) оиди шахсе, ки дар озмуни динӣ ғолиб мешавад, ки ҷоизааш ҳаҷ аст, мегӯяд:
Ҳаҷҷи шумо дуруст аст ва шумо ҳаҷҷи фарзро адо кардаед. Поёни сухан.