Сешанбе 25 Рамазон 1446 - 25 Март 2025
Тоҷикӣ

Дароз хондани намози таровеҳ

Савол

Имоми масҷиде дар намози таравеҳ ба мардум имоматӣ мекунад ва дар ҳар ракъат як саҳифаи пурра, яъне тақрибан 15 оят мехонад. Аммо баъзе аз мардумон мегӯянд, ки ӯ қироатро дароз мекунад ва бархе баръакс мегӯянд. Суннат дар намози таровеҳ чист? Оё дар ривоятҳои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадде вуҷуд дорад, ки аз он қироат (ва намоз)-и дарозу кӯтоҳро бифаҳмем?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Дар "Саҳиҳ" собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шабҳо дар Рамазон ва ғайри Рамазон ёздаҳ ракъат намоз мехонд. Аммо қироат ва рукнҳои намозро дароз мекард, ҳатто боре ӯ беш аз панҷ ҷузъро дар як ракъат бо тартил ва оромӣ хонда буд.

Собит шудааст, ки ӯ дар нимаи шаб ё андаке пеш ё андаке баъд аз он ба намоз бармехест. Сипас намозро то наздикии субҳ идома медод. Тахминан дар панҷ соат сездаҳ ракъат намоз мехонд, ки ин маънои онро дорад, ки қироат ва рукнҳои намоз дароз буд.

Собит шудааст, ки Умар ҳангоме ки саҳобагонро барои намози таровеҳ ҷамъ кард, бист ракъат намоз мехонданд ва дар ҳар ракъат тақрибан сӣ ояти сураи Бақараро қироат мекарданд, яъне тахминан чаҳор ё панҷ саҳифа. Сураи Бақараро дар ҳашт ракъат мехонданд. Агар сураи Бақараро дар дувоздаҳ ракъат хонанд, намозро сабук мешуморданд.

Ин суннат дар намози таровеҳ аст. Агар қироатро сабук кунад, шумораи ракъатҳоро то чиҳилу як ракъат меафзояд, чуноне ки баъзе аз имомон гуфтаанд. Ва агар бихоҳад, ки ба ёздаҳ ё сездаҳ ракъат иктифо варзад, қироат ва рукнҳоро дароз мекунад. Намози таровеҳ шумора (ва ракъат)-и муайяне надорад, балки матлуб он аст, ки онро дар замоне анҷом бидиҳӣ, ки осоишу оромиш ҳосил шавад ва муддати он аз як соат ва монанди он камтар набошад. Ҳар кас инро дароз шуморад, ба ривоятҳо мухолифат варзидааст, бинобар ин ба суханони ӯ таваҷҷӯҳ карда намешавад". Поёни сухан.

Ҷаноби Шайх Ибни Ҷибрин.

"Фатово исломия" (2/157, 158).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб