Панҷшанбе 20 Ҷумода-л-уло 1446 - 21 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Касе, ки умраро бо ҷимоъ (ҳамбистарӣ) фосид кунад, чӣ чиз бар ӯ воҷиб аст?

Савол

Ман дар Арабистони Саудӣ истиқомат мекунам. Ҳамсарам аз хориҷи Арабистони Саудӣ омад. Дар шаҳри Ҷидда рӯ ба рӯ шудем ва ҳардуямон барои умра эҳром пӯшида будем. Ба Макка рафтем, пеш аз умра дар меҳмонхона байни мо ҷимоъ рух дод. Сипас ба Танъим рафтему эҳром бастем ва умраи наве анҷом додем. Ҳукми он чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Касе, ки ба ҳаҷ ё умра эҳром баста бошад, барояш ҳамбистарӣ кардан ҷоиз нест, то ин ки ҳалол гардад (яъне пурра амалҳои ҳаҷ ё умраро ба паён бирасонад). Агар дар умра пеш аз фориғ шудан аз саъй ҳамбистарӣ кунад, умрааш фосид мешавад ва бар ӯ лозим аст, ки умраро идома бидиҳад. Сипас аз маконе, ки бори аввал эҳром баста буд, аз ҳамонҷо эҳром баста, қазои онро анҷом бидиҳад. Илова бар он, аз ҳар яки шумо як гӯсфанд забҳ карда шавад. (Он гӯсфанд) забҳ карда мешавад ва гӯшти он ба камбағалони Макка тақсим карда мешавад.

Аммо ҳамбистарӣ баъд аз саъй ва пеш аз тарошидан ё кӯтоҳ кардани мӯй рух диҳад, умра бар асари он фосид намешавад, вале бар ӯ фидя бо интихоб зарур аст.

Аммо рафтанат ба Танъим фоидае надорад, зеро ту ба умра эҳром пӯшидаӣ – ҳарчанде, ки умра фосид шуда бошад ҳам. – Пеш аз фориғ шудан аз эҳроми аввал, эҳроми дигар бастан дуруст нест.

Аз ин хотир, он амалҳои умрае, ки анҷом додед, он ба итмом расонидани умраи фосидшуда мебошад. Бар шумо қазои онро анҷом додан зарур аст. Дар миқоте, ки дар онҷо бори аввал эҳром бастед, дар онҷо эҳром мебандед, илова бар он, аз ҳар яки шумо гӯсфанде забҳ карда мешавад.

Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Агар бо ҳамсарат ҳамбистарӣ карда бошӣ, умраат фосид шудааст ва бар ту ба итмом расонидани он, сипас анҷом додани қазои он бори дигар аз ҷои эҳроми аввал воҷиб аст. Ва бар ту хун (забҳ) воҷиб аст, ки он як гӯсфанд ё ду буз мебошад, ки дар Макка барои камбағалон забҳ карда мешавад. Ба ҷои он, аз ҳафт як қисми шутур ё ҳафтяки гов кофӣ аст". Поёни сухан аз "Фатово исломийя".

Баъзе аз аҳли илм бар ин назаранд, ки касе дар умра ҳамбистарӣ кунад, бар ӯ фидя бо интихоб воҷиб мегардад, хун (забҳ) ё се рӯз рӯза ё таом додани шаш мискин, хоҳ пеш аз саъй ҳамбистарӣ карда бошад, ё баъд аз он, чуноне ки дар китоби "Шарҳу мунтаҳа-л-иродот" (1/556) омадааст.

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Умрае, ки дар он ҳамбистарӣ рух диҳад, умраи фосидшуда аст. Бар ту гӯсфанде воҷиб аст, ки дар Макка забҳ карда ва ба камбағалон тақсим карда мешавад ва ё таом додани шаш мискин, ки барои ҳар мискин нисфи соъ (дода мешавад) ва ё се рӯз рӯза гирифтан. Инчунин воҷиб аст, ки умраеро ба ҷои умраи фосидшуда ҳамчун қазо анҷом бидиҳӣ". Поёни сухан аз "Аллиқоу-ш-шаҳрӣ" (9/54).

Хулоса бар шумо се чиз лозим аст:

1- Тавба ба сӯи Аллоҳ таъоло барои анҷом додани мамнӯъ (гуноҳ) ва фосид кардани маносике, ки Аллоҳ ба итмом расонидани он амр кардааст.

2- Бори дигар умра намудан, қазои умраи фосидшуда ва эҳром бояд аз миқоти умраи фосидшуда (умраи аввал) бошад.

3- Фидя бо интихоб, ҳар яке аз шумо аз ин се, кадомеро бихоҳад, анҷом бидиҳад: Забҳи гӯсфанде, ё се рӯз рӯза гирифтан, ё ба шаш мискин, камбағалони Макка таом додан. Агар ҳар яке аз шумо гӯсфанде забҳ намояд, беҳтар ва эҳтиётноктар аст.

   Аллоҳ донотар аст

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб