Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Беҳушӣ дар моҳи Рамазон

Савол

Агар Рамазон фаро расаду, инсон ба сабаби садамаи нақлиёт ба беҳушӣ гирифтор шавад ва баъд аз бисту ду рӯз ба ҳуш биёяд, чӣ чиз бар ӯ воҷиб мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин савол ба Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пешниҳод карда шуд, ӯ чунин посух дод:

Бино бар саҳеҳтарин дидгоҳ, заволи ақл дар пайи беҳушӣ бар асари беморӣ ё ғайри беморӣ фарзияти намозро (аз банда) соқит мекунад. Аз ин рӯ, қазои намоз бар ӯ лозим намебошад. Аммо оиди рӯза бошад, қазои рӯзҳое, ки дар ҳоли беҳушиаш рӯза нагирифтааст, воҷиб мебошад.

Фарқияти намозу рӯза ин аст, ки намоз такрор мешавад. Агар қазои намозҳои фавтшударо анҷом надиҳад, дар рӯзи баъдаш намоз мехонад. Аммо рӯза такрор намешавад ва барои ҳамин зани ҳайзшуда қазои рӯзаро ба ҷой меоварад, аммо қазои намозро анҷом намедиҳад.

Сарчашма: Аллиқоу-ш-шаҳрӣ: 17