Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Истеъмол намудани хамираи дандон дар ҳоли рӯзадорӣ

Савол

Оё тоза кардани дандонҳо бо чӯтка ва хамираи дандоншӯӣ дар ҳангоми рӯзадорӣ ҷоиз аст? То ҷое, ки ман медонам, ин ҷоиз аст, то он даме ки хамираи дандон ба шикам нарасад, (яъне то он даме ки онро фурӯ набарад). Лутфан фикри худро дар ин бора баён кунед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз Шайх Ибни Боз (раҳматиАллоҳ бар ӯ бод) оиди истеъмол намудани хамираи дандон пурсиданд.

Чунин посух дод:

Агар аз фурӯ бурдани он худдорӣ кунад, ҳеҷ боке надорад, ҳамчунин барои рӯзадор истеъмол намудани мисвок ҷоиз аст ..

"Фатово"-и Шайх Ибни Боз (4/247).

Шайх Муҳаммад Солеҳ ибни Усаймин гуфтааст:

Аз ин бармеояд: Оё барои рӯзадор истифода намудани чӯтка ва хамираи дандоншуӣ ҷоиз аст ё на?

Ҷавоб: Ҷоиз аст, аммо беҳтар аст, ки онҳоро истифода набарад, зеро хамираи дандон таъсири қавӣ дорад ва метавонад ба гулӯ биравад. Ба ҷои он ки рӯзона онро истифода барад, бояд дар шаб онро анҷом бидиҳад.

"Шарҳу-л-мумтиъ"-и Ибни Усаймин (6/407, 408).

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид