Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Азкори саҳеҳи хоб

Савол

Азкори саҳеҳи хоб, ки аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид шудаанд, кадомҳоанд? Мехоҳам ҳамаи онро бидонам. Аллоҳ бароятон беҳтарин подош диҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Азкори саҳеҳи хоб, ки дар суннати паёмбар ворид шудаанд, хеле зиёд мебошанд. Ҳатто Имом Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Бидон, ки ҳадисҳову осор дар ин боб бисёранд ва дар он чӣ зикр кардем, барои касе, ки ба амал намудан бо он муваффақ шавад, кифоят аст. Мо зиёда бар онро аз тарси ин, ки хонандаи он хаста шавад, ҳазф кардем. Пас беҳтар ин аст, ки инсон ҳамаи азкори дар ин боб воридаро бихонад, агар натавонад, ба муҳимтарини он азкоре, ки метавонад, иктифо кунад". Поёни сухан.

Китоби "Ал-Азкор" (Саҳ:95)

Мо дар инҷо ҳадисҳоеро, ки дар ин боб саҳеҳ аст, ҷамъ мекунем:

1. Ба кафҳои ду даст дамидани се муъаввизот.

Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки фармуд:

"Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар шаб ҳангоме ки ба ҷойгаҳи худ медаромад, кафҳояшро ҷамъ намуда дар онҳо Қул ҳуваллоҳу аҳад ва Қул аъузу бираббил фалақ ва Қул аъузу бираббин нос-ро хонда медамид, сипас аз сару рӯяш оғоз карда, ба ҳар куҷои баданаш дасташ бирасад, кафҳояшро мемолид. Ин амалро се маротиба анҷом медод". Дамидан: Пуфи нозуки бе оби даҳон.   Ривояти Бухорӣ (5017).

2. Ояталкурсӣ:

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт:

"Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нигаҳбонии закоти рамазонро ба ман супурд. Шахсе омад ва ба дуздидани таом (гандум) оғоз кард. Ман ӯро дастгир намуда, гуфтам: Туро ба назди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хоҳам бурд... Абуҳурайра ҳадисро нақл кард.

Ӯ гуфт: Ҳангоме ки ба ҷойгаҳи худ даромадӣ, ояталкурсиро бихон, аз ҷониби Аллоҳ таъоло бароят муҳофиз ва нигаҳбоне гузошта мешавад ва то субҳ шайтон ба ту наздик намешавад.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ба ту рост гуфтааст, вале ӯ бисёр дурӯғгӯй аст. Ӯ шайтон аст".   Ривояти Бухорӣ (2311).

3. Ду ояти охири сураи Бақара:

Аз Абумасъуд (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Касе, ки ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, ӯро кифоят мекунанд".   Ривояти Бухорӣ (5009) ва Муслим (808).

Донишмандон дар маънои "ӯро кифоят мекунанд" ихтилоф кардаанд. Бархе гуфтанд: Аз офату зарарҳо дар он шаб ӯро кифоят мекунанд. Бархе гуфтанд: Аз намози он шаб ӯро кифоят мекунанд. Ҷоиз аст, ки мурод аз он ҳар ду маъно бошад. Аллоҳ донотар аст. 

4. Сураи Кофирун:

Аз Навфал ал-Ашҷаъӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ман гуфт:

"(Қул я айюҳал кафирун)-ро бихон, сипас дар поёни он бихоб, ки ин безорӣ аз ширк аст".   Ривояти Абудовуд (5055). Ибни Ҳаҷар ин ҳадисро дар китоби "Натоиҷу-л-афкор" (3/61) ҳасан гуфтааст.

5. Сураи Исро:

Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки фармуд:

"Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) намехобид, то ин ки сураи Банӣ Исроил (Исро) ва сураи Зумарро мехонд".   Ривояти Тирмизӣ (3402). Тирмизӣ гуфт: Ҳадиси ҳасан. Ҳофиз ибни Ҳаҷар ин ҳадисро дар китоби "Натоиҷу-л-афкор" (3/65) ҳасан гуфтааст.

6. Сураи Зумар:

Далели ин, ҳадиси гузашта мебошад.

7. Бисмика-л-лоҳумма амуту ва аҳё. 

بِاسْـمِكَ اللّهُـمَّ أَمـوتُ وَأَحْـيا

Аз Ҳузайфа ибни Ямон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт:

"Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме ки хобидан мехост, мегуфт: Бисмика-л-лоҳумма амуту ва аҳё. (Ба номи Ту, эй Аллоҳ! Мемираму зинда мешавам). Ва ҳангоме ки аз хоби худ бедор мешуд, мегуфт: Ал-ҳамду ли-л-лоҳи-л-лазӣ аҳёно баъдамо амотано ва илайҳи-н-нушур. (Ҳамду сано барои Аллоҳе, ки баъди ин ки моро миронд, зинда гардонид ва зинда шудан ба сӯи Ӯст)".   Ривояти Бухорӣ (6324).

8. Аллоҳумма иннӣ асламту нафсӣ илайка ва ваҷҷаҳту ваҷҳӣ илайка ва фаввазту амрӣ илайка ва алҷаъту заҳрӣ илайка рағбатан ва раҳбатан илайка ло малҷаъа ва ло манҷо минка илло илайка. Оманту бикитобика-л-лазӣ анзалта ва набиййика-л-лазӣ арсалта.

 اللّهُـمَّ إِنِّي أَسْـلَمْتُ نَفْـسي إِلَـيْكَ، وَوَجَّـهْتُ وَجْـهي إِلَـيْكَ، وَفَوَّضْـتُ أَمْـري إِلَـيْكَ، وَأَلْـجَـاْتُ ظَهـري إِلَـيْكَ، رَغْبَـةً وَرَهْـبَةً إِلَـيْكَ، لا مَلْجَـأَ وَلا مَنْـجـا مِنْـكَ إِلاّ إِلَـيْكَ، آمَنْـتُ بِكِتـابِكَ الّـذي أَنْزَلْـتَ وَنَبِـيِّـكَ الّـذي أَرْسَلْـت

Аз Баро ибни Озиб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт:

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Ҳангоме ки ба бистар рафтӣ, ҳамонанди вузӯят барои намоз, вузӯ бигир, сипас ба паҳлӯи рости худ хобида, бигӯй: Аллоҳумма асламту ваҷҳӣ илайка ва фаввазту амрӣ илайка ва алҷаъту заҳрӣ илайка рағбатан ва раҳбатан илайка ло малҷаъа ва ло манҷо минка илло илайка. Аллоҳумма оманту бикитобика-л-лазӣ анзалта ва бинабиййика-л-лазӣ арсалта. (Эй Аллоҳ! Рӯямро бо Ту таслим кардам ва корамро ба Ту супоридам ва ба Ту такя кардам, бо умеду тарс ба сӯи Ту. Паноҳгоҳ ва наҷотгоҳе аз Ту, ҷуз ба сӯи Ту нест. Эй Аллоҳ! Ба китобе, ки нозил кардӣ ва паёмбаре, ки фиристодӣ, имон овардам). Агар дар ҳамон шаб бимирӣ, дар фитрат (ислом) мемирӣ. Ин зикрро охирин сухани худ қарор бидеҳ. (Баро) гуфт: Ин дуоро дар назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хондам. Вақте, ки ба ҷумлаи: Аллоҳумма оманту бикитобика-л-лазӣ анзалта (Эй Аллоҳ! Ба китобе, ки нозил кардӣ, имон овардам), расидам, гуфтам: ва расулика (ва фиристодае, ки). Фармуд: На, ва набиййика-л-лазӣ арсалта (ва паёмбаре, ки фиристодӣ)".   Ривояти Бухорӣ (6311) ва Муслим (2710).

9. Бисмика раббӣ вазаъту ҷанбӣ ва бика арфаъуҳу ин амсакта нафсӣ фарҳамҳо ва ин арсалтаҳо фаҳфазҳо бимо таҳфазу биҳи ъибодака-с-солиҳин.

   بِاسْمِكَ رَبِّـي وَضَعْـتُ جَنْـبي، وَبِكَ أَرْفَعُـه، إِن أَمْسَـكْتَ نَفْسـي فارْحَـمْها، وَإِنْ أَرْسَلْتَـها فاحْفَظْـها بِمـا تَحْفَـظُ بِه عِبـادَكَ الصّـالِحـين.  

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт:

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Ҳар гоҳ яке аз шумо ба ҷойгаҳи худ дарояд, онро бо қисмати дохили изораш такон диҳад, зеро намедонад, ки баъд аз ӯ чӣ иттифоқе дар он афтодааст. Сипас бигӯяд: Бисмика раббӣ вазаъту ҷанбӣ ва бика арфаъуҳу ин амсакта нафсӣ фарҳамҳо ва ин арсалтаҳо фаҳфазҳо бимо таҳфазу биҳи ъибодака-с-солиҳин. (Ба номи Ту, эй Парвардигорам! Паҳлӯямро ба замин гузоштам ва ба номи Ту онро баланд мекунам. Агар ҷонамро гирифтӣ, пас онро раҳм намо ва агар онро нигаҳ доштӣ, пас ба он чи, ки бандагони солеҳатро ҳифз менамоӣ, онро ҳифз кун)".   Ривояти Бухорӣ (6320) ва Муслим (2714). 

10. Субҳона-л-лоҳ (33 маротиба), Ал-ҳамду ли-л-лоҳ (33 маротиба), Аллоҳу акбар (34 маротиба).

   سُبْحَانَ اللَّهِ (33) الْحَمْدُ لِلَّهِ (33) اللَّهُ أَكْبَرُ (34)

Аз Алӣ ибни Абутолиб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт:

Фотима (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ба назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рафт, то аз ӯ хидматгоре бихоҳад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Оё ба ту чизи беҳтар аз онро хабар надиҳам? Ҳангоми хобидан сиву се маротиба Субҳона-л-лоҳ (Аллоҳ пок аст) ва сиву се маротиба Ал-ҳамду ли-л-лоҳ (Ҳамду сано барои Аллоҳ) сиву чор маротиба Аллоҳу акбар (Аллоҳ бузургтар аст) мегӯӣ. (Алӣ гуфт:)

Ман ҳанӯз онро тарк накрдаам. Пурсиданд: Ҳатто дар шаби Сиффин? Гуфт: Ҳатто дар шаби Сиффин".  Ривояти Бухорӣ (5362) ва Муслим (2727).   

11. Аллоҳумма қинӣ ъазобака явма табъасу ъибодак.

   اللّهُـمَّ قِنـي عَذابَـكَ يَـوْمَ تَبْـعَثُ عِبـادَك.

Аз Ҳафса (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт:

"Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме ки хобидан мехост, дасти росташро зери рухсорааш мегузошт, сипас мегуфт: Аллоҳумма қинӣ ъазобака явма табъасу ъибодак. (Эй Аллоҳ! Маро аз азобат, дар он рӯзе, ки бандагонатро зинда менамоӣ, нигаҳ дор)". (Се маротиба)    Ривояти Абудовуд (5045). Ҳофиз ибни Ҳаҷар ин ҳадисро дар китоби "Фатҳу-л-борӣ" (11/119) саҳеҳ гуфтааст.   

12. Алҳамду ли-л-лоҳи-л-лазӣ атъамано ва сақоно ва кафоно ва овоно, факам мимман ло кофия лаҳу ва ло муъвия.

   الـحَمْدُ للهِ الَّذي أَطْـعَمَنا وَسَقـانا، وَكَفـانا، وَآوانا، فَكَـمْ مِمَّـنْ لا كـافِيَ لَـهُ وَلا مُـؤْوي.

Аз Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт:

"Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме ки ба ҷойгаҳи худ медаромад, мегуфт: Алҳамду ли-л-лоҳи-л-лазӣ атъамано ва сақоно ва кафоно ва овоно, факам мимман ло кофия лаҳу ва ло муъвия. (Ҳамду сано барои Аллоҳе, ки ба мо хӯроку об дод ва ниёзи моро баровард ва ба мо ҷой дод. Хеле зиёд шахсон ниёзбарор ва ҷойдиҳанда надоранд)".   Ривояти Муслим (2715).

13. Аллоҳумма халақта нафсӣ ва анта таваффоҳо лака мамотуҳо ва маҳёҳо, ин аҳяйтаҳо фаҳфазҳо ва ин аматтаҳо фағфир лаҳо. Аллоҳумма иннӣ асъалука-л-ъофияҳ.

   اللّهُـمَّ خَلَـقْتَ نَفْسـي وَأَنْـتَ تَوَفّـاهـا لَكَ ممَـاتـها وَمَحْـياها، إِنْ أَحْيَيْـتَها فاحْفَظْـها، وَإِنْ أَمَتَّـها فَاغْفِـرْ لَـها، اللّهُـمَّ إِنَّـي أَسْـأَلُـكَ العـافِـيَة .

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят аст, ки ӯ мардеро амр кард, ҳангоме ки ба ҷойгаҳи худ дарояд, бигӯяд: "Аллоҳумма халақта нафсӣ ва анта таваффоҳо лака мамотуҳо ва маҳёҳо, ин аҳяйтаҳо фаҳфазҳо ва ин аматтаҳо фағфир лаҳо. Аллоҳумма иннӣ асъалука-л-ъофияҳ. (Эй Аллоҳ! Ту ҷонамро офаридӣ ва Ту онро мемиронӣ, маргу зиндагияш аз они Туст. Агар онро зинда гардонӣ, пас онро ҳифз намо ва агар онро миронӣ, пас онро мағфират намо. Эй Аллоҳ! Ҳамоно ман аз Ту офиятро мепурсам)".

Марде аз ӯ пурсид: Оё инро аз Умар шунидӣ? Гуфт: Аз касе шунидам, ки ӯ аз Умар беҳтар аст, аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам.   Ривояти Муслим (2712).

14. Аллоҳумма, рабба-с-самовоти ва рабба-л-арзи ва рабба-л-ъарши-л-ъазими, раббано ва рабба кулли шайъин, фолиқа-л-ҳабби ва-н-наво ва мунзила-т-тавроти ва-л-инҷили ва-л-фурқони, аъузу бика мин шарри кулли доббатин анта охизун биносиятиҳи. Аллоҳумма анта-л-аввалу фалайса қаблака шайъун ва анта-л-охиру фалайса баъдака шайъун ва анта-з-зоҳиру фалайса фавқака шайъун ва анта-л-ботину фалайса дунака шайъун, иқзи ъанно-д-дайна ва ағнино мина-л-фақр.

    اللَّهُمَّ رَبَّ السَّمَوَاتِ وَرَبَّ الْأرْضِ وَرَبَّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ رَبَّنَا وَرَبَّ كُلِّ شَيْءٍ فَالِقَ الْحَبِّ وَالنَّوَى مُنْزِلَ التَّوْرَاةِ وَالْإِنْجِيلِ وَالْفرقانِ, أَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ كُلِّ دَابَّةٍ أَنْتَ آخِذٌ بِنَاصِيَتِهِ, اللَّهُمَّ أَنْتَ الْأَوَّلُ لَيْسَ قَبْلَكَ شَيْءٌ, وَأَنْتَ الْآخِرُ لَيْسَ بَعْدَكَ شَيْءٌ، وَأَنْتَ الظَّاهِرُ لَيْسَ فَوْقَكَ شَيْءٌ, وَأَنْتَ الْبَاطِنُ لَيْسَ دُونَكَ شَيْءٌ, اقْضِ عَنَّا الدَّيْنَ وَأَغْنِنَا مِنْ الْفَقْرِ.

Аз Суҳайл ривоят аст, ки гуфт:

Ҳар гоҳ яке аз мо хобидан мехост, Абусолеҳ моро амр мекард, ба паҳлӯи рости худ хобида, бигӯяд:

"Аллоҳумма, рабба-с-самовоти ва рабба-л-арзи ва рабба-л-ъарши-л-ъазими, раббано ва рабба кулли шайъин, фолиқа-л-ҳабби ва-н-наво ва мунзила-т-тавроти ва-л-инҷили ва-л-фурқони, аъузу бика мин шарри кулли шайъин анта охизун биносиятиҳи. Аллоҳумма анта-л-аввалу фалайса қаблака шайъун ва анта-л-охиру фалайса баъдака шайъун ва анта-з-зоҳиру фалайса фавқака шайъун ва анта-л-ботину фалайса дунака шайъун, иқзи ъанно-д-дайна ва ағнино мина-л-фақр". (Эй Аллоҳ! Парвардигори осмонҳо ва Парвардигори замин ва Парвардигори Арши бузург, Парвардигори мо ва Парвардигори ҳамаи чиз, шикофандаи донаҳо ва ҳастаҳо ва нозилкунандаи Тавроту Инҷил ва Фурқон, аз бадии ҳар чизе, ки гирандаи пешонии он ҳастӣ, ба Ту паноҳ мебарам. Эй Аллоҳ! Ту аввал ҳастӣ, ки пеш аз Ту чизе нест ва Ту охир ҳастӣ, ки баъд аз Ту чизе нест ва Ту зоҳиру ошкоро ҳастӣ, ки ошкортар аз Ту чизе нест ва Ту ботину пинҳон ҳастӣ, ки пинҳонтар аз Ту чизе нест, қарзи моро адо намо ва моро аз камбағалӣ ба тавонгарӣ бирасон).

Инро аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст ва Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят намудааст.   Ривояти Муслим (2713).

15. Аллоҳумма иннӣ аъузу биваҷҳика-л-карими ва калимотика-т-томмоти мин шарри мо анта охизун биносиятиҳи. Аллоҳумма анта такшифу-л-мағрама ва-л-маъсами. Аллоҳумма ло юҳзаму ҷундука ва ло юхлафу ваъдука ва ло ънфаъу за-л-ҷадди минка-л-ҷадду, субҳонака ва биҳамдика.

   اللَّهُمَّ إِنِّي أعُوذُ بِوَجْهِكَ الكَرِيمِ وَكَلِماتِكَ التَّامَّةِ مِنْ شَر ما أنْتَ آخِذٌ بِناصِيَتِهِ، اللَّهُمّ أنْتَ تَكْشِفُ المَغْرَمَ والمَأثمَ، اللَّهُمَّ لا يُهْزَمُ جُنْدُكَ وَلا يُخْلَفُ وَعْدُكَ، وَلاَ يَنْفَعُ ذَا الجَدّ مِنْكَ الجَدُّ، سُبْحانَكَ وَبِحَمْدِكَ.

Аз Алӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт:

"Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме ки ба ҷойгаҳи худ медаромад, мегуфт: "Аллоҳумма иннӣ аъузу биваҷҳика-л-карими ва калимотика-т-томмоти мин шарри мо анта охизун биносиятиҳи. Аллоҳумма анта такшифу-л-мағрама ва-л-маъсами. Аллоҳумма ло юҳзаму ҷундука ва ло юхлафу ваъдука ва ло янфаъу за-л-ҷадди минка-л-ҷадду, субҳонака ва биҳамдика".

(Эй Аллоҳ! Ҳамоно ман ба рӯи гиромиат ва калимоти комили Ту, аз бадии он чизе, ки Ту гирандаи пешонии он ҳастӣ, ба Ту паноҳ мебарам. Эй Аллоҳ! Ту қарз ва гуноҳро дур менамоӣ. Эй Аллоҳ! Лашкарат шикаст намехӯрад ва ваъдаат хилоф намешавад ва тавонгарро тавонгарияш назди Ту суд намедиҳад, Туро ба некӣ ёд мекунам ва Туро ҳамду сано мегӯям).  

Ривояти Абудовуд (5052). Нававӣ ин ҳадисро дар Китоби "Ал-Азкор" (саҳ:111) ва Ибни Ҳаҷар дар китоби "Натоиҷу-л-афкор" (2/384) саҳеҳ гуфтаанд.

16. Бисмиллаҳи вазаъту ҷанбӣ. Аллоҳумма-ғфир лӣ занбӣ ва ахсиъ шайтонӣ ва фукка риҳонӣ ваҷъалнӣ фи-н-надиййи-л-аъло.

   بِسْمِ الله وَضَعْتُ جَنْبِي اللهمَّ اغْفِرْ لِي ذَنْبِي وَأَخْسِئْ شَيْطَانِي وَفُكَّ رِهَانِي وَاجْعَلْنِي فِي النَّدِيِّ الأعْلَى.

Аз Абулазҳар Анморӣ ривоят аст, ки гуфт:

"Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме ки дар шаб ба ҷойгаҳи худ медаромад, мегуфт:

"Бисмиллаҳи вазаъту ҷанбӣ. Аллоҳумма-ғфир лӣ занбӣ ва ахсиъ шайтонӣ ва фукка риҳонӣ ваҷъалнӣ фи-н-надиййи-л-аъло".

(Ба номи Аллоҳ, паҳлӯямро гузоштам. Эй Аллоҳ! Гуноҳамро бароям мағфират намо ва шайтонамро дур кун ва гарданамро озод намо ва маро аз ҷумлаи сокинони олами боло бигардон).   Ривояти Абудовуд (5054). Нававӣ ин ҳадисро дар Китоби "Ал-Азкор" (саҳ:125) ва Ибни Ҳаҷар дар китоби "Натоиҷу-л-афкор" (3/60) ҳасан гуфтаанд.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб