Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми ба духтар "Ҳавво" ном гузоштан

Савол

Оё ба духтар "Ҳавво" ном гузоштан ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ба духтар "Ҳавво" ном гузоштан ҷоиз аст ва ҳеҷ ишколе дар ин амр вуҷуд надорад. Зеро асос дар номҳо ин аст, ки он мубоҳ ва ҷоиз мебошад, модоме ки ном мамнӯияти шаръӣ ё маънои бадеро дарбар нагирад.

Барои дарёфти фоида ба ҷавоби саволи (7180) ва рақами (101401) нигаред.

Ин ном дар назди гузаштагон машҳур буд. Номи баъзе аз саҳобазанон чунин буд, аз ҷумла:

Ҳавво духтари Язид ибни Сакан. Ибни Асир гуфт: "Ӯ яке аз байаткунандагон ва аз Ансор буд, ки пеш аз шавҳараш Қайс ибни Ал-Хатим мусулмон шуда буд. Ӯ духтари Язид ибни Сакан мебошад".   Поёни сухан.

"Асаду-л-ғоба" (7/73).

Ниг: "Ал-Исоба фӣ тамйизи-с-саҳоба"-и ибни Ҳаҷар (7/588).

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб