Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Вақти мӯътабар барои додани закоти фитр, кадом вақт аст?

Савол

Мақсад аз вақти намози ид, ки бояд пеш аз он закоти фитр дода шавад, кадом вақт аст? Оё мақсад аз он намози имом аст, ё намози мунфарид (танҳогузор) ё вақти намоз? Аллоҳ бароятон подоши некӯ диҳад.   

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Воҷиб аст, ки закоти фитр пеш аз намози ид бароварда шавад, зеро аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривояте аст, ки мегӯяд: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) закоти фитрро поккунандаи рӯзадор аз хатогӯиву гуноҳ ва таоме барои камбағалон фарз намуд. Касе онро пеш аз намоз адо намояд, пас он закоти қабулшуда мебошад. Касе онро баъди намоз адо кунад, садақае аз садақот мебошад".   Ривояти Абудовуд (1609) ва Ибни Моҷа (1827). Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳи Абудовуд" ҳасан донистааст.

Зоҳири ин ҳадис ба он далолат мекунад, ки вақти закоти фитр ба намози ид вобаста аст. Ҳар гоҳ имом намозро ба охир расонад, вақти додани закоти фитр низ ба охир мерасад. Намози мунфарид (танҳогузор) ба эътибор гирифта намешавад, зеро агар онро ба эътибор гирем, муайян кардани вақт душвор мегардад. Аз ин рӯ, намози имом ба эътибор гирифта мешавад.  

Аммо агар дар ҷое бошад, ки дар онҷо намози ид баргузор намешавад, монанди бодия ва саҳро, дар ин ҳолат бо вақти минтақаи наздиктарини ҳамсоя, амал карда мешавад.

Баҳутӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Беҳтарин вақт барои додани закоти фитр ин рӯзи ид пеш аз намоз аст. Аммо агар дар ҷое бошад, ки намоз дар онҷо баргузор намешавад, дар онҷо низ бояд пеш аз  вақти тахминии намоз онро анҷом диҳанд, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) амр кард, ки закоти фитр пеш аз баромадани мардум ба намоз дода шавад. Ин дар ҳадиси Ибни Умар омадааст. Гурӯҳе гуфтаанд: Беҳтарин вақт барои додани закоти фитр, ҳангоми рафтан ба намозгоҳ аст". Поёни сухан аз китоби "Кашшофу-л-қиноъ" (252/2).

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб