Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Шайх Ибни Усаймин гуфтааст:
Барои инсон ҷоиз аст, ки аз гӯшти қурбонии худ ҳамчун садақа ба кофир бидиҳад, ба шарте ки он кофир аз касоне набошад, ки мусулмононро ба қатл мерасонанд. Аммо агар ӯ аз ҷумлаи касоне бошад, ки мусулмононро ба қатл мерасонанд, ба ӯ чизе дода намешавад. Зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:
لا يَنْهَاكُمْ اللَّهُ عَنْ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُمْ مِنْ دِيَارِكُمْ أَنْ تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ ❁ إِنَّمَا يَنْهَاكُمْ اللَّهُ عَنْ الَّذِينَ قَاتَلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَأَخْرَجُوكُمْ مِنْ دِيَارِكُمْ وَظَاهَرُوا عَلَى إِخْرَاجِكُمْ أَنْ تَوَلَّوْهُمْ وَمَنْ يَتَوَلَّهُمْ فَأُوْلَئِكَ هُمْ الظَّالِمُونَ (سورة الممتحنة: 8-9 ا.
«Аллоҳ шуморо аз некӣ кардан ва адолат варзидан нисбат ба касоне, ки дар (амри) дин бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун насохтаанд, манъ намекунад. Бегумон Аллоҳ адолатпешагонро дӯст медорад. Танҳо шуморо аз дӯстӣ бо касоне манъ мекунад, ки дар (амри) дин бо шумо ҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун кардаанд ва бар берун рондани шумо (дигаронро) ёрӣ (ва пуштибонӣ) намудаанд ва ҳар кас бо онҳо дӯстӣ варзад, пас онон ситамкоронанд». (Сураи Мумтаҳана: 8-9).