Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Барои рӯзадор ҷоиз нест, ки касеро дашном бидиҳад.

Савол

Агар рӯзадор бошам ва дар ҳангоми рӯзадорӣ касеро дашном диҳам ва ё ба касе беодобӣ намоям, оё ин рӯзаамро фосид мекунад?

Ман мехоҳам ҷавоби онро бидонам, зеро дӯстонам ҳангоми рӯзадорӣ дашном медиҳанд ва ба мардум бадӣ мекунанд. Ман мехоҳам ба онҳо хабар бидиҳам, ки чаро бар онон воҷиб аст, ки аз маъсиятҳо аз қабили дашному дигар гуноҳҳо дур бошанд.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Содир кардани гуноҳон аз қабили дашному ҳақорат дар рӯзи Рамазон рӯзаро фосид намекунад. Ба маънои дигар, он аз ҷумлаи шиканандаҳои рӯза ба ҳисоб намеравад, вале савоби рӯзаро кам мекунад. Ин гуноҳон метавонанд тамоми савоби рӯзаро нобуд созанд. Рӯзадор бошад, аз рӯзааш ҷуз гуруснагӣ ва ташнагӣ чизи дигареро бардошт нахоҳад кард.

Рӯзадор маъмур аст, ки узвҳои баданашро аз гуноҳ нигаҳ дорад. Мақсад аз рӯза танҳо тарки хӯрдану нӯшидан нест, балки мақсад аз он тарки гуноҳ ва амалӣ кардани парзҳезгорист. Аллоҳ таъоло дар ин бора фармудааст:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ    (سورة البقرة: ١٨٣).

«Эй касоне, имон овардаед, рӯза бар шумо фарз шуд, чунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, фарз шуда буд, то парҳезгор шавед».   (Сураи Бақара: 183).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас гуфтору кирдори ботил ва ҷаҳолатро тарк накунад, Аллоҳ ба тарки хӯрдану нӯшидани ӯ, ҳеҷ ниёзе надорад».   Ривояти Бухорӣ (1903) ва (6075).

Гуфтори ботил тамоми гуфтору суханони ҳаромшуда, аз қабили дурӯғ, ғайбат, суханчинӣ, дашном ва ҳақоратро дар бар мегирад.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар гоҳ яке аз шумо рӯзе рӯза бигирад, набояд носазогӯӣ кунад ва амали ҷоҳилона анҷом бидиҳад. Ва агар марде ӯро дашном диҳад ва ё бо ӯ даргир шавад, бояд бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам. Ман рӯзадор ҳастам».   Ривояти Бухорӣ (1894) ва Муслим (1151).

Ҳофиз мегӯяд:

Сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод): «Набояд носазогӯӣ кунад». Манзур аз носазогӯӣ дар инҷо сухани зишт аст.

Сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод): «Набояд амали ҷоҳилона анҷом бидиҳад». Яъне набояд амалҳои ҷоҳилон, аз қабили доду фарёд, беақлӣ ва монанди онро анҷом бидиҳад.

Манзур аз ҳадис ин аст, ки набояд рӯзадор бо дигарон монанди онҳо муомила кунад, балки танҳо бигӯяд: "Ман рӯзадор ҳастам". Поёни сухан.

Агар ба рӯзадор амр шуда бошад, ки дар ҷавоби дашном чизе нагӯяд, пас чӣ гуна барои рӯзадор шоиста аст, ки ба дигарон дастдарозӣ кунад ва худ дашномро оғоз намояд?!

Нававӣ мегӯяд:

Бидон, ки манъ кардани рӯзадор аз носазогӯӣ, амалҳои ҷоҳилона, ҷангидан ва дашном махсуси ӯ нест, балки дар асли ин наҳй ҳама яксонанд, вале бар рӯзадор таъкиди бештар шудааст. Поёни сухан.

Ҳоким аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Рӯза ин танҳо тарки хӯрдану нӯшидан нест, балки рӯза ин тарк намудани амалҳои беҳуда ва зишт аст. Агар касе туро дашном диҳад ва ё нисбати ту ҷоҳилона рафтор кунад, бигӯй: Ман рӯзадор ҳастам. Ман рӯзадор ҳастам».

Ибни Моҷа (1690) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Баҳраи баъзе аз рӯзадорон аз рӯза танҳо гуруснагӣ аст. Баҳраи баъзе аз шабзиндадорон аз шабзиндадорӣ танҳо бедорхобӣ аст».

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб