Панҷшанбе 6 Ҷумода-л-уло 1446 - 7 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ оиди фазилати даҳаи аввали Зулҳиҷҷа мепурсад

Савол

Оё даҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа бар дигар рӯзҳои сол фазилату бартарие дорад? Амалҳои солеҳе, ки дар ин даҳа бисёр анҷом додани он мустаҳаб аст, кадомҳоянд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Яке аз мавсимҳои бузурги тоат (ибодат) даҳаи аввали Зулҳиҷҷа аст, ки Аллоҳ таъоло онро аз дигар рӯзҳои сол бартар гардонидааст. Аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҳеҷ рӯзҳое нест, ки амалҳои солеҳ дар он рӯзҳо назди Аллоҳ маҳбубтар аз ин рӯзҳои даҳгона бошад. Гуфтанд: Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ? Фармуд: Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, магар марде, ки бо ҷону молаш хориҷ шавад ва ҳеҷ якеро пас наёварад".   Ривояти Бухорӣ (2/457).

Инчунин аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҳеҷ амале назди Аллоҳ таъоло поктар ва аҷраш бузургтар аз амали неке нест, ки шахс дар даҳаи Азҳо (Қурбон) анҷом медиҳад. Гуфта шуд: Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ? Фармуд: Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ таъоло, магар марде, ки бо ҷону молаш хориҷ шавад ва ҳеҷ якеро пас наёварад".   Ривояти Доримӣ (1/357). Санади ин ҳадис ҳасан аст, чуноне ки дар китоби "Ал-Ирвоъ" (3/398) зикр шудааст.

Ин далелҳо ва далелҳои дигар далолат мекунанд, ки ин даҳа бе ягон истисно аз дигар рӯзҳои сол беҳтар аст, ҳатто аз даҳаи охири Рамазон (беҳтар аст). Вале шабҳои даҳаи охири Рамазон аз шабҳои даҳаи аввали Зулҳиҷҷа беҳтар аст, зеро шаби қадре, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст, дар он қарор дорад.

Ба "Тафсир"-и Ибни Касир (5/412) нигар.

Аз ин хотир, бар мусулмон шоиста аст, ки ин даҳаро бо тавбаи насуҳ ба сӯи Аллоҳ таъоло шурӯъ намояд, сипас ба таври умум ҳамаи амалҳои солеҳро бисёр анҷом бидиҳад, пас аз он ба амалҳои зерин бештар таваҷҷӯҳ намояд:

1- Рӯза.

Барои мусулмон суннат аст, ки нӯҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷаро рӯза гирад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба анҷом додани амалҳои солеҳ дар ин даҳа ташвиқ намудааст ва рӯза аз беҳтарин амалҳост, ки Аллоҳ таъоло онро барои худ қарор додааст, чуноне ки дар ҳадиси қудсӣ омадааст: "Аллоҳ таъоло фармудааст: Ҳамаи амалҳои фарзанди Одам барои ӯст, ба ҷуз рӯза, ки барои Ман аст ва Ман мукофоти онро медиҳам".   Ривояти Бухорӣ (1805).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нӯҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷаро рӯза мегирифт. Аз Ҳунайда ибни Холид аз ҳамсараш аз баъзе ҳамсарони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки гуфт: "Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нӯҳ рӯзи Зулҳиҷҷа ва рӯзи Ошуро ва се рӯз аз ҳар моҳ, аввалин душанбеи моҳ ва ду панҷшанберо рӯза мегирифт".   Ривояти Насоӣ (4/205) ва Абудовуд. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳи Абудовуд" (2/462) саҳеҳ шуморидааст.

2- Бисёр гуфтани таҳмид (Алҳамду лиллоҳ), таҳлил (Ло илоҳа иллаллоҳ) ва такбир (Аллоҳу акбар):

Гуфтани такбиру таҳмид ва таҳлилу тасбеҳ дар рӯзҳои даҳа ва баланд хондани он дар масҷидҳо, хонаҳо, роҳҳо ва ҳар ҷое, ки зикри Аллоҳ дар он ҷоиз аст, ба мақсади зоҳир намудани ибодат ва эълони бузургдошти Аллоҳ таъоло, суннат аст.

Мардон онро бо овози баланд ва занон бо овози паст мехонанд.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 لِيَشْهَدُوا مَنَافِعَ لَهُمْ وَيَذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ فِي أَيَّامٍ مَّعْلُومَاتٍ عَلَى مَا رَزَقَهُم مِّن بَهِيمَةِ الْأَنْعَامِ

  الحج: ۲۸.

То шоҳиди манфиатҳои хеш бошанд ва номи Аллоҳро дар рӯзҳои муайян бар чаҳорпоёне, ки ба онон рӯзӣ додааст, ёд кунанд.   (Сураи Ҳаҷ: 28).

Аксарияти донишмандон бар ин назаранд, ки ин рӯзҳои муайян, рӯзҳои даҳгона аст, зеро аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ворид шудааст, ки мегӯяд: "Рӯзҳои муайян, рӯзҳои даҳгона аст".

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҳеҷ рӯзҳое нест, ки назди Аллоҳ бузургтар ва амал дар он рӯзҳо маҳбубтар ба сӯи Ӯ аз ин рӯзҳои даҳгона бошад. Пас дар ин рӯзҳо бисёр таҳлил, такбир ва таҳмид бигӯед".   Ривояти Аҳмад (7/224). Аҳмад Шокир санади ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.

Сифати такбир:

اللهُ أَكْبَرُ ، اللهُ أَكْبَرُ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَاللهُ أَكْبَرُ ، وَللهِ الْحَمْدُ

"Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, ло илоҳа иллаллоҳ, валлоҳу акбар ва лиллаҳи-л-ҳамд".

(Аллоҳ бузургтар аст. Аллоҳ бузургтар аст. Ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Аллоҳ бузургтар аст ва ситоиш барои Аллоҳ аст).

Такбир сифатони дигар низ дорад.

Дар ин замон такбир яке аз суннатҳои фаромӯшшуда гардидааст, хусусан дар аввали даҳа, ки шояд онро ҷуз аз шумораи хеле каме намешунавӣ. Пас шоистааст, ки барои эҳёи суннат ва ёдоварии ғофилон ин такбир бо овози баланд гуфта шавад. Аз Ибни Умар ва Абуҳурайра (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) собит шудааст, ки дар рӯзҳои даҳгона ба бозор мебаромаданд ва такбир мегуфтанд ва мардум низ бо такбири онҳо такбир мегуфтанд. Манзур аз он, мардум такбирро ба ёд меоварданд ва ҳар як шахс бо танҳоӣ такбир мегуфт ва манзур аз он такбири дастаҷамъона, бо як овоз нест, зеро ин гуна такбир машрӯъ намебошад.

Зинда намудани суннатҳои аз байнрафта ё қариб ки аз байн биравад, савоби бузург дорад. Сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба он далолат мекунад: "Касе суннате аз суннатҳои маро, ки пас аз ман мурдааст, зинда намояд, барояш мисли аҷри ҳамаи касоне, ки онро анҷом медиҳанд, дода мешавад. Аммо аз аҷри онон чизе кам намешавад".   Ривояти Тирмизӣ (7/443). Ин ҳадис бо шоҳидҳояш ҳасан мебошад.

3- Адо намудани ҳаҷҷу умра:

Яке аз беҳтарин амале, ки дар ин даҳа анҷом дода мешавад, ҳаҷҷи хонаи Аллоҳ аст. Касеро, ки Аллоҳ таъоло ба ҳаҷҷи хонааш муваффақ намояд ва маносики ҳаҷро бар ваҷҳи матлуб адо кунад, иншоаллоҳ барои ӯ аз ин сухани расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) насибе аст, ки фармудааст: "Ҳаҷҷи мабрур ҷуз биҳишт дигар подоше надорад".

4- Қурбонӣ:

Яке аз амалҳои солеҳ дар ин даҳа, наздикӣ ҷустан ба Аллоҳ таъоло бо забҳи қурбонӣ ва ҷустуҷӯи ҳайвони фарбеҳи хуб барои қурбонӣ ва харҷ кардани мол дар роҳи Аллоҳ таъоло аст.

Аз ин хотир, ин рӯзҳои бофазилатро ғанимат шуморем, пеш аз он ки кӯтоҳикунанда бар кӯтоҳии худ пушаймон шавад ва пеш аз ин ки ба дунё баргаштанӣ шавад, аммо талаби ӯ пазируфта нашавад.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб