Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё сигоркашӣ вузӯро мешиканад?

Савол

Ҳукми Шариат дар мавриди фурӯшандаи сигор бо ҳама намудҳояш чист? Ман сигор мекашам ва вақте овози муаззинро шунавам, ба масҷид медароям. Оё бояд аз нав вузӯ бигирам ва ё мазмаза (шустани даҳон) кифоя аст? Ман медонам, ки сигор сабаби бемориҳои гуногун аст.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Фурӯши сигор ҳаром аст, зеро он палиду нопок аст ва зарари зиёд дорад ва анҷомдиҳандаи он фосиқ ҳисобида мешавад. Пас аз сигоркашӣ аз нав вузӯ кардан воҷиб нест, вале бояд бӯи бади даҳонашро бо он чизе, ки онро дур менамояд, бартараф кунад. Ҳамзамон аз ин кори бад ба сӯи Аллоҳ таъоло дарҳол тавба намояд.

Сарчашма: "Фатово-л-лаҷнату-д-доима" 13/57