Чоршанбе 2 Зулқаъда 1446 - 30 Апрел 2025
Тоҷикӣ

Оё садақаи нофиларо ба ғайри мусулмон додан ҷоиз аст?

105302

Таърихи нашр : 26-02-2025

Мушоҳидаҳо : 808

Савол

Агар инсони бенамоз ба садақа ниёз дошта бошад, оё ба ӯ садақа додан ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Садақаи фарзӣ аз қабили закот ва дигар воҷиботи молӣ, ба монанди каффорат, назр ва закоти фитр ба кофир дода намешавад, магар ин ки аз ҷумлаи дилҷӯшудагон бошад.

Аммо садақаи нофила ва хайру бахшоишро ба ғайри мусулмон додан ҷоиз аст, агар дар ин чиз манфиате бошад, масалан ӯ яке аз хешовандони наздикаш бошад ва ҳоказо. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Асмо бинти Абубакр (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) фармуд: «Силаи раҳми модаратро ба ҷой овар». Модари Асмо дар он вақт кофир буд.

Аммо закот ва садақаҳои фарзиро ба кофир додан ҷоиз нест, магар ин ки аз ҷумлаи дилҷӯшудагон бошад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Аз сарватмандонашон гирифта шуда, ба камбағалонашон (яъне ба камбағалони мусулмон) дода мешавад».
Поёни сухан аз китоби "Ал-Мунтақо мин фатово"-и Ал-фавзон (2/333).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб