Сешанбе 18 Ҷумода-л-уло 1446 - 19 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Аввалин паёмбар ва аввалин расул (фиристодашуда)

Савол

Мехостам бидонам, ки Одам (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) паёмбар буд ва агар Одам (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) паёмбари нахустинамон набошад, пас паёмбари нахустини мо кист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Одам (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аввалин паёмбар аст, чунон ки Ибни Ҳиббон ҳадисеро дар “Саҳиҳ”-и худ овардааст, ки аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи Одам пурсиданд, ки оё ӯ паёмбар буд? Фармуд: «Бале, паёмбаре, ки Аллоҳ бо ӯ сухан гуфтааст». Вале ӯ расул набуд, зеро дар ҳадиси “Шафоат” омадааст, ки мардум ба назди Нуҳ рафта мегӯянд: «Ту аввалин расуле ҳастӣ, ки Аллоҳ ба рӯи замин фиристод».
Ин матни равшанест, ки Нӯҳ аввалин расул аст. Аллоҳ донотар аст.

“Маҷмуъу фатово”-и Шайх Ибни Усаймин: 1/317.

Одам, падари башарият паёмбар буд. Пас ӯ нахустин паёмбар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид