Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Бисёр ҳаммом кардан барои рӯзадор

Савол

Ҳукми ҳаммом (ғусл) кардан беш аз як маротиба дар рӯзи Рамазон ва ё нишастан дар назди кондитсионер дар тамоми рӯз чист? Кондитсионер дар ҳаво намнокӣ пахш мекунад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Ин ҷоиз аст ва ҳеҷ боке надорад. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳангоми рӯзадорӣ аз сабаби гармӣ ё ташнагӣ бар сари худ об мерехт. Ибни Амр дар ҳоли рӯзадорӣ ба хотири коҳиш додани шиддати гармӣ ё ташнагӣ либосашро бо об тар мекард. Намӣ ба рӯза таъсир намерасонад, зеро он обе нест, ки ба меъда бирасад". Поёни сухан.

Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

"Фатово исломия" (2/130).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб