Панҷшанбе 25 Ҷумода-л-охира 1446 - 26 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ба бемории сил гирифтор шудааст ва рӯза гирифта наметавонад

Савол

Шахсе се сол боз гирифтори бемории сили шуш аст. Ду табиби мусулмон тасмим гирифтаанд, ки ӯ ба сабаби ин беморӣ рӯза гирифта наметавонад. Оё барояш ҷоиз аст, рӯза нагирад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Агар ду табиби мусулмон тасмим бигиранд, ки рӯза ба ӯ зарар дорад, пас дар ин ҳолат, барояш ҷоиз аст, ки рӯза нагирад. Пас аз шифо ёфтан қазои он рӯзаро ба ҷой меоварад, иншаоллоҳ". Поёни сухан.

"Фатово"-и Шайх Муҳаммад ибни Иброҳим раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод (4/181, 182).

Агар баъд аз он рӯза гирифта натавонад, бояд ба ҷои ҳар як рӯз мискинеро таом бидиҳад.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб