Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Қурбонӣ ба нияти шифо

107549

Таърихи нашр : 16-07-2021

Мушоҳидаҳо : 2391

Савол

Писари амакам дар як садама осеб дид. Пизишкон гуфтанд, ки эҳтимоли беҳбудии ӯ панҷоҳ дарсад аст. Шахсе ба мо тавсия кард, ки бузеро барои Аллоҳ қурбонӣ намоем. Оё ҷоиз аст, ки ин корро анҷом бидиҳем?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар забҳ (ва қурбонӣ) барои Аллоҳ таъоло бошад ва мақсад аз он садақа намудани он гӯшт ба камбағалону мискинон бошад, ҳеҷ боке надорад. Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки мефармояд: «Беморонатонро бо садақа табобат кунед».   Абудовуд ин ҳадисро дар "Ал-Маросил" ривоят карда ва Табаронӣ ва Байҳақӣ ва дигарон низ аз гурӯҳе аз саҳобагон ривоят намудаанд, вале ҳамаи санадҳояш заиф мебошанд. Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" (744) ҳасан лиғайриҳи шуморидааст.

Аз донишмандони кумитаи доимӣ оид ба фатводиҳӣ пурсиданд:

Аллоҳ шуморо ҳифз кунад, лутфан ба мо фиқҳи ҳадиси зеринро баён намоед: «Беморонатонро бо садақа табобат кунед». Байҳақӣ ин ҳадисро дар "Ас-Сунану-л-кубро" (3/382) ривоят карда ва ҳамаи муҳаддисон онро заиф донистаанд. Аз ҷиҳати табобати бемор, ки барои ӯ қурбонӣ карда шавад. Оё ин кор ба хотири бартараф намудани бало аз ӯ машрӯъ аст ва ё машрӯъ нест?

Дар ҷавоб гуфтанд:

"Ҳадиси мазкур саҳеҳ нест. Аммо ҳеҷ боке нест, ки аз номи бемор ба хотири тақарруб ба Аллоҳ таъоло садақа дода шавад ва ба умеди ин ки Аллоҳ таъоло ба сабаби он ӯро шифо диҳад, зеро умуми далелҳо бар фазилати садақа далолат мекунанд ва садақа хатоҳоро нобуд месозад ва марги бадро дафъ мекунад". Поёни сухан.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (24/441).

Шайх Ибни Ҷибрин (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) гуфтааст:

"Садақа давои фоиданоку судманд аст. Ба бемориҳо шифо мебахшад ва бемориҳоро сабук менамояд. Сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) онро таъйид мекунад, ки фармудааст: «Садақа хатоҳоро хомӯш (ва маҳв) мекунад, ҳамчуноне ки об оташро хомӯш менамояд».   Ривояти Аҳмад (3/399).

Мумкин аст ки баъзе аз бемориҳо ба сабаби ҷазои гуноҳе бошад, ки бемор анҷом додааст. Пас ҳар гоҳ хонаводааш аз номаш садақа диҳанд, он гуноҳ пок шуда ва сабаби бемори ҳам аз байн меравад ва ё садақа мӯҷиби навишта шудани ҳасанот барои ӯ шуда ва қалбаш бо он фаъол мешавад ва бо вуҷуди он дард ва ранҷи беморӣ сабук мегардад". Поёни сухан.

"Ал-Фатово-ш-шаръияту фи-л-масоили-т-тиббия" (2/ саволи рақами /15) .

Пас бар шумо ҳеҷ боке нест, ки ҳайвонеро барои хушнудии Аллоҳ таъоло, ба нияти садақа аз номи он бемор забҳ намоед, шояд Аллоҳ ба ӯ шифо ва офият бахшад ва алалхусус агар он ҳамчун қурбонӣ анҷом дода шавад.

Аммо махсусан бузеро қурбонӣ кардан шарт нест, зеро ҳадаф забҳ ҳамчун қурбонӣ ва садақа аст, бинобар ин, шумо метавонед ҳар ҳайвонеро ки қурбонӣ намудани он дуруст аст, қурбонӣ кунед, хоҳ буз бошад ва хоҳ ғайри он (шутур, гов ё гӯсфанд).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб