Чоршанбе 10 Ҷумода-л-охира 1446 - 11 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Дастур ва меъёри монандии мамнӯъ ба мушрикон

Савол

Аз баъзе одамон шунидам, ки мегӯянд: Пӯшидани шиму костюм ҳаром аст, зеро он монанд шудан ба кофирон аст, оё ин сухан дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ таъоло барои мусалмон монанд шудан ба кофиронро ҳаром гардонидааст ва паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин бобат сахтгирӣ намуда, фармудааст: "Шахсе, ки худро ба қавме монанд созад, пас ӯ аз ҷумлаи онҳост".   Ривояти Абудовуд (4031). Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳеҳу сунани Абидовуд" саҳеҳ шуморидааст.

Ҳаром будани монандӣ ба кофирон дар чизҳоест, ки хосси кофирон буда, мусалмонон дар он бо онҳо хамроҳ нестанд. Метавон маънои ин хусусиятро чунин шарҳ дод: Агар мардум одами ба кофирон монандшавандаро бинанд, мегӯянд, ки ӯ аз тоифаест, ки ба онҳо монанд шудан ҳаром гардонида шудааст. Ва ин танҳо дар корҳое мебошад, ки ба ғайр аз ин қавм, касе ин корро намекунад. Аммо дар корҳои муштарак байни онон ва мусалмонон бошад, наметавон гуфт, ки кори ӯ аз ҳамон монанд шудании ҳаромшуда мебошад, зеро ки ин кор хосси онҳо нест. Бинобар ин, чизҳое, ки танҳо ба хотири монанд шудан ба кофирон ҳаром гардонида шудаанд, бо дигаргунии замону макон мутобиқи тағйирёбии одату тақлид, ҳукмашон низ тағйир меёбад.

Агар дар ягон шаҳр ингуна либосро танҳо кофирон пӯшанд, пӯшидани он дар ин шаҳр барои мусалмон ҳаром мебошад ва агар дар дигар шаҳр худи ҳамин либосро ҳам мусалмонон  ва ҳам кофирон пӯшанд, пӯшидани он дар он шаҳр ҷоиз мебошад.

Дар ин замона шим ё костюм хосси кофирон нест, балки мусалмонон низ онро дар тамоми кишварҳо мепӯшанд ва пӯшидани онро монандӣ ба кофирон намеҳисобанд, зеро ин хосси кофирон нест.    

Бинобар ин, пӯшидани он раво буда, боке надорад.

Дар гузашта фатвои кумитаи доимии фатворо дар мавриди раво будани пӯшидани шиму костюм ва дар пӯшидани он монандӣ ба кофирон вуҷуд надорад, зимни ҷавоби саволҳои (105412) ва (105413) зикр намуда будем.

Аз Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд, ки меъёри масъалаи монандӣ ба кофирон чист?

Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) чунин ҷавоб дод:

"Монандӣ ба кофирон дар зоҳири инсон ва дар либосу дар хӯрок ва ғайра дида мешавад, зеро ин калима ом буда, маънояш амал кардан ба он чизе, ки хосси кофирон аст, мебошад ва чун касе ӯро бинад, бигӯяд, ки ин аз ҷумлаи кофирон аст. Аммо агар чизе байни мусалмонон ва байни кофирон паҳн шуда бошад, агарчанде он аз кофирон гирифта шуда бошад, ҷоиз аст, ки онро истифода барад, модоме ки худи он дар асл ҳаром набошад, монанди либоси абрешим". Поёни сухан.

"Маҷмӯу дурус ва фатово-л-Ҳарами-л-Маккӣ" (3/367).

Ва ҳамчунин аз Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсидаанд, ки меъёри монандӣ ба кофирон чист?

Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) чунин ҷавоб дод:

Меъёри монанд шудан онаст, ки шахси монандшаванда амали хоси монандшударо анҷом диҳад. Монандӣ ба кофирон ин аст, ки мусалмон кореро, ки хосси кофирон аст, анҷом бидиҳад. Аммо он чизе, ки дар байни мусалмонон паҳн шудаасту он аломати шинохти кофирон нест, дар ин ҳолат монандӣ ҳисобида намешавад ва ба хотири монандӣ ҳаром нест, магар дар ҳолате, ки аз дигар ҷиҳат ҳаром набошад. Ин сухане, ки мо гуфтем маънои калимаи "Ат-ташаббуҳ", яъне "монанд шудан" мебошад. Соҳиби китоби "Фатҳу-л-борӣ" (10272) Ибни Ҳаҷар низ ба ҳамин маъно гуфтааст: Баъзе гузаштагон пӯшидани либоси кулоҳдорро макруҳ шуморидаанд, зеро он либоси роҳибон аст. Имом Моликро аз он савол намуданд, дар ҷавоб гуфтааст, ки боке надорад. Бар ӯ гуфтанд, ки ин либоси насрониҳост. Гуфтааст, ки онро дар инҷо мепӯшиданд. Поёни сухан.

Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Гуфтам, ки агар Молик ин ҳадиси паёмбарро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) далел меовард, алвотар буд. Аз Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд, ки муҳрим (шахси эхромпӯшида) чӣ мепӯшад? Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Курта, салла, шалвар ва либоси кулоҳдор намепӯшад... "

Дар китоби "Фатҳу-л-борӣ" (1/307) омадааст: Агар гӯем, ки манъ намудани "Маёсиру-л-арҷувон" ба сабаби монандӣ ба кофирон аст, пас ин манъ бо сабаби чизи динӣ буданаш аст, зеро он дар гузашта нишонаи динии онон буда, онон дар он ҳолат кофир буданд ва чун ҳозир нишонаи хосси онҳо нест, ин маъно аз он дур шудааст, аз ин рӯ, макруҳияташ низ бартараф мегардад. Аллоҳ донотар аст. Поёни сухан.

"Фатово-л-ақида" (саҳ: 245).

"Маёсиру-л-арҷувон"- монанди курпачаест, ки шахси дар асп савор шуда онро зери худ мегузарад.

Барои дарёфти фоида ба ҷавоби саволи рақами (21694) нигаред.

       Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб