Панҷшанбе 25 Ҷумода-л-охира 1446 - 26 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Бар дуруст будани ҳаҷҷи падараш шубҳа дорад, оё пас аз маргаш метавонад аз номи ӯ ҳаҷ кунад?

109309

Таърихи нашр : 16-05-2024

Мушоҳидаҳо : 674

Савол

Падарам тақрибан чиҳил сол пеш як бор пиёда ҳаҷ кард ва ду бор умра намудааст, ки охирон умраи ӯ ҳадди ақал се сол пеш аз маргаш буд. Ӯ марде буд, ки хондаву навишта наметавонист ва ман намедонам, ки чӣ гуна ин ҳаҷро анҷом додааст. Оё ман бояд аз номи ӯ ҳаҷ кунам? Ҷаноб, шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Ҳаҷ дар умр танҳо як маротиба воҷиб аст. Асос дар адои амалҳо ва маносики ҳаҷ дуруст будани онҳо мебошад. Бинобар ин ҳаҷҷи дуввум воҷиб нест. Аммо агар аз номи падари худ ҳаҷ намоӣ, нафл аст (яъне ҳаҷҷи нофила мешавад) ва агар Аллоҳ таъоло онро аз ту бипазирад, барои ту ва барои ӯ савоби бузурге дода мешавад. 

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён .

"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто" (11/15).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб