Сешанбе 18 Ҷумода-л-уло 1446 - 19 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Мехоҳад пас аз намози пешину аср дар Арафот намозҳои нафл бихонад

109311

Таърихи нашр : 16-06-2024

Мушоҳидаҳо : 925

Савол

Оё барои ҳоҷӣ ҷоиз аст, ки пас аз намози пешину аср бо имом дар Арафот, то шом намозҳои нафл бихонад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи Арафа пас аз якҷоя адо намудани намози пешину аср дар аввали вақт дар Арафот ягон намози нофила нахондааст. Агар ин амал (намози нофила дар Арафот) машрӯъ мебуд, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нисбат ба мо ба адо намудани он зиёд саъю кӯшиш менамуд. Ҳама некиҳо дар пайравӣ аз ӯ ва суннати ӯст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.
Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто" (11/211, 212).
 

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб