Якшанбе 23 Ҷумода-л-уло 1446 - 24 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми дуо намудан бо дуоҳои собитнашуда

11017

Таърихи нашр : 29-09-2023

Мушоҳидаҳо : 1073

Савол

Баъзе дуоҳо (дар Қуръону ҳадисҳо) ворид нашудаанд, аз қабили:

"حجر حابس ، شهاب قابس ، ردت عين الحاسد عليه وعلى أحب الناس إليه".

(Санги зиндонӣ, шӯълаи оташ, чашми ҳасадхӯр ба худаш ва ба касоне, ки ба ӯ азизанд, баргардад).

Ин гуна дуоҳо чӣ ҳукм доранд?

 

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин дуо ягон асосе надорад ва дар ин дуо таҷовуз бар зидди шахсони бегуноҳ дида мешавад. Аз ин рӯ, истифода бурдани он ҷоиз нест, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Ҳар кас амалеро анҷом бидиҳад, ки дар он амал амри мо нест, пас он амал мардуд (ва номақбул) аст».

 Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто