Шанбе 15 Ҷумода-л-уло 1446 - 16 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Боргирии китобҳо ва барномаҳои ройгон аз интернет

Савол

Дар интернет китобҳо ба таври комил дастрасанд, ҳам динӣ ва ҳам илмӣ. Оё бароям ҷоиз аст, ки онҳоро захира, мутолиа ва ё дарсҳои лозимаро аз он чоп бикунам? Ҳамчунин мехостам оиди барномаҳои компютер ва телефонҳои мобилӣ, ки дар интернет ройгон дастрасанд, бипурсам. Оё ҳамаи онҳоро зеркашӣ кардан ҷоиз нест? Чӣ тавр ман метавонам бидонам, ки кадом барномаҳо барои зеркашӣ иҷозатанд? Ё чунин чизе вуҷуд надорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Истифода бурдани китобҳои ройгоне, ки дар интернет дастрасанд, ҳеҷ боке надорад. Метавонед онҳоро мутолиа, захира ва ё маводи лозимаро аз он чоп кунед, зеро онҳо танҳо бо ҳамин мақсад ба интернет гузошта шудаанд. Ба ҷавоби саволи рақами (38847) руҷӯъ карда шавад.

Ҳамчунин боргирии барномаҳои компютер ва телефонҳои мобилӣ, ки дар интернет ройгон дастрасанд, ҳеҷ боке надорад.
Асос ин аст, ки боргирии он китобҳову барномаҳо ҷоиз аст. Масъулият бар дӯши сайте мебошад, ки онҳоро нашр кардааст, агар соҳибони онҳо ба ин кор иҷозат надода бошанд. Истифодабаранда вазифадор нест, ки ҳар як китобу барномаро таъкиду тафтиш кунад, ки соҳиби он барои зеркашии он иҷозат додааст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб