Намози шахсе, ки мӯйҳои зери нофи худро натарошидааст

Савол 1177

Оё намози шахсе, ки мӯйҳои зери нофи худро беш аз як моҳ натарошидааст, қабул мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Тарошидани мӯйҳои зери ноф, яъне мӯйҳои рӯйида дар атрофи узви таносул (андоми пеш), яке аз суннатҳои фитрат ба шумор меравад. Бинобар ин, мувофиқи ҳадиси саҳеҳ, набояд тарошидани ин мӯйҳоро беш аз чил рӯз ба таъхир андохт.
Бо вуҷуди ин, аз чил рӯз зиёд ба таъхир гузоштани тарошидани ин мӯйҳо ба дурустии намоз ҳеҷ таъсире надорад. Баракс, чунин ақида, ки бо гузаштани ин муҳлат намоз дуруст намешавад, аз нодонӣ нисбат ба аҳкоми шариати пок сарчашма мегирад.

Сарчашма

Намоз
Суннатҳои фитрат

Сарчашма: 

Фатово-л-лаҷнати-д-доима: 6/126

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play