Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё нӯшидани пепсӣ ҳаром аст, зеро он ба бадан зарар дорад?

Савол

Исбот шудааст, ки пепсӣ ва кола ба саломатии инсон зарароваранд, зеро онҳо таъсири манфӣ доранд. Оё он дидгоҳро пайравӣ намояд, ки истеъмоли нӯшокиҳои тароватбахш ҳароманд, зеро онҳо таъсири манфӣ доранд?
 

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Истеъмол намудани ҳар чизе, ки зарараш ба бадан собит шудааст, ҷоиз нест, зеро ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَلَا تَقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ إِنَّ اللهَ كَانَ بِكُمْ رَحِيمًا

سورة النساء: ٢٩

«Ва худатонро накушед, зеро Аллоҳ ба шумо меҳрубон аст».   (Сураи Нисо: 29).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Бар худ ва дигарон зарар расонидан ҷоиз нест».   Ривояти Аҳмад ва Ибни Моҷа (2341). Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу Ибни Моҷа" саҳеҳ донистааст.

Агар собит шавад, ки яке аз нӯшокиҳо ва ё хӯрокҳо ба бадан зарари воқеӣ дорад, истеъмоли он ҷоиз нест. Аммо агар ин чиз танҳо гумон ё даъвое бошад, бо ин гуна чизҳо, ҳукми он ҳаром намегардад.

Асос дар хӯрокҳову нӯшокиҳо ин аст, ки онҳо ҳалол мебошанд, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

هُوَ الَّذِي خَلَقَ لَكُمْ مَا فِي الأَرْضِ جَمِيعاً

سورة البقرة: ٢٩

«Ӯст, ки ҳамаи чизҳоеро, ки дар замин аст, бароятон офарид».   (Сураи Бақара: 29).

Аз ин рӯ, ягон хӯрок ва ё нӯшокиро бар асоси гумон ва шакку шубҳа ҳаром гуфтан ҷоиз нест, магар бо далели саҳеҳе, ки бар (ҳаром будани) он далолат кунад.

Агар исбот шавад, ки ин нӯшокиҳо зарароваранд ва аз сабаби зарарашон ҳаром карда шаванд, танҳо ҳамон миқдоре, ки зарар дорад, ҳаром аст. Агар миқдори ками он зарар надошта бошад, он ҳаром намегардад.

Донишмандон гуфтаанд, ки ҳар чизе, ки миқдори зиёдаш зарар дошта бошад, миқдори ками он ҳалол аст.

Ниг: "Ал-Инсоф" (10/350), "Кашшофу-л-қиноъ" (6/189).

Агар касе бихоҳад ҳамчун чораи эҳтиётӣ барои ҳифзи худ ва саломатии худ аз нӯшидани ин нӯшокиҳо худдорӣ кунад, ҳеҷ боке надорад, вале бидуни далели ошкору равшан наметавонад онро ҳаром шуморад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб