Истифодаи асбобҳои мушоҳида — на ҳисобҳои фалакшиносӣ — барои дидани ҳилол ҷоиз аст

Савол: 1245

Бо чашм (бидуни асбоби мушоҳида) дидани ҳилол пеш аз он ки синнаш ба сӣ соат бирасад, ғайриимкон аст. Илова бар ин, баъзан бинобар вазъи ҳаво дидани он низ номумкин мегардад. Бинобар ин, оё иҷозат аст, ки бар асоси маълумоти астрономӣ барои ҳисоб кардани вақти эҳтимолии дидани моҳи нав ва оғози моҳи Рамазон такя кунем, ё ҳатман бояд пеш аз оғоз намудани рӯзаи моҳи мубораки Рамазон, моҳи навро бубинем?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Истифодаи асбобҳои мушоҳида барои дидани ҳилол ҷоиз аст, аммо такя кардан ба илмҳои фалакӣ (астрономӣ) барои собит намудани оғози моҳи мубораки Рамазон ё иди Фитр ҷоиз нест, зеро Аллоҳ таъоло ин амалро на дар Китоби худ ва на дар суннати паёмбараш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) барои мо машрӯъ накардааст. Балки барои мо танҳо муайян кардани оғози моҳи Рамазон ва поёни онро бо дидани ҳилоли моҳи Рамазон дар аввали рӯза ва дидани ҳилоли Шаввол барои ифтор ва ҷамъшавӣ барои намози Иди Фитр машрӯъ намудааст. Ҳилолҳоро ҳамчун замонсанҷ (ва тақвими табиӣ) барои (танзими зиндагии) мардум ва барои (муайян намудани вақти) ҳаҷ (ва дигар ибодатҳо) қарор додааст. Аз ин рӯ, барои мусалмон ҷоиз нест, ки ибодатҳоро — аз ҷумла рӯзаи моҳи Рамазон, идҳо, ҳаҷ, рӯзаи кафорати куштори саҳвӣ, кафорати зиҳор ва ғайра — бо дигар усулҳо муайян намояд.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْه

سورة البقرة: ١٨٥

«Пас ҳар касе аз шумо, ки ин моҳро дарёбад, бояд онро рӯза бидорад».   (Сураи Бақара: 185).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

يَسْأَلُونَكَ عَنِ الْأَهِلَّةِ قُلْ هِيَ مَوَاقِيتُ لِلنَّاسِ وَالْحَجِّ

سورة البقرة: ١٨٩

«Дар бораи ҳилолҳои моҳ аз ту мепурсанд, бигӯ: "Онҳо замонсанҷ (ва тақвими табиӣ) барои (танзими зиндагии) мардум ва (муайян намудани вақти) ҳаҷ ҳастанд"».   (Сураи Бақара: 185).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Бо дидани ҳилол рӯза бигиред ва бо дидани он ифтор намоед ва агар бар шумо пӯшида шуд, пас шумораи рӯзҳоро комил гардонед».

Бар ҳамин асос, ҳар касе ки дар талӯъгоҳи худ дар осмони соф ё осмони абрнок ҳилолро набинад, бояд шумораи рӯзҳои Шаъбонро сӣ рӯзи комил гардонад.
Фатово-л-лаҷнати-д-доима, 10/100.

Ин дар сурате аст, ки дидани ҳилол дар кишвари дигар ба таври шаръӣ собит нашуда бошад; аммо агар дидани ҳилол дар кишвари дигар ба шакли шаръӣ собит гардад, бар асоси қавли аксари уламо рӯза бар онҳо низ воҷиб мегардад.

Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android