Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Хуне, ки аз байни дандонҳо берун меояд, рӯзаро фосид намекунад

Савол

Оё хуне, ки тасодуфан аз байни дандонҳо берун меояд, рӯзаро фосид мекунад ва ё на? Агар ин аз ҷониби худи шахс рух надода бошад, яъне аз ҷониби шахси дигаре рух бидиҳад, ки ӯро иштибоҳан бизанад. Моро роҳнамоӣ кунед, Аллоҳ бароятон подоши некӯ диҳад.

Матни ҷавоб

Хуне, ки аз байни дандонҳо берун меояд, рӯзаро фосид намекунад, хоҳ худ аз худ берун ояд, хоҳ аз сабаби задани инсоне ба он.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ (10/267).

Вале фурӯ бурдани ин хун бар рӯзадор ҳаром аст. Агар онро қасдан фурӯ барад, рӯзааш фосид мешавад.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб