"Мо дар фурӯши ҳайвоноте, ки фурӯхтани онҳо ҷоиз аст — монанди шутур, гов, гӯсфанд ва ғайра — бо вазн, хоҳ дар ҳолати зинда бошанд ва хоҳ забҳшуда, ҳеҷ монеияте намебинем; бар асоси умумияти фармудаи Аллоҳ таъоло:
وَأَحَلَّ اللهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبا
سورة البقرة: ٢٧٥
«Аллоҳ хариду фурӯшро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст». (Сураи Бақара: 275).
Ҳамчунин бар асоси фармудаи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), вақте аз ӯ пурсиданд: Кадом касб беҳтар аст? Фармуд: «Кори инсон бо дасти худ ва ҳар фурӯши нек (ҳалол)». Ва низ аз он ҷиҳат, ки дар чунин муомила номуайянӣ ва ғарар ҷой надорад. Ва Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст". Поёни сухан.
"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Боз (19/38).