Шанбе 20 Ҷумода-л-охира 1446 - 21 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ягонагии Аллоҳ

Савол

Оё метавонед ба мушрикон далели ягонагии Аллоҳро пешниҳод кунед?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Тамоми коинот аз ҷиҳати офаридан ва идора кардан ба ягонагии Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад . .

أَلا لَهُ الْخَلْقُ وَالأَمْرُ تَبَارَكَ اللهُ رَبُّ الْعَالَمِينَ

سورة الأعراف: ٥٤

«Огоҳ бошед, ки офариниш ва фармонравоӣ аз они Ӯст. Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён пурбаракат (ва бузург) аст».   (Сураи Аъроф: 54).

Офариниши осмонҳову замин, пайдарпай омадани шабу рӯз, намудҳои гуногуни ҷамодот (чизҳои беҷон), наботот ва меваҷот, офариниши инсону ҳайвон, ҳамаи инҳо далели он аст, ки офаридгори бузург ягона аст, шарике надорад:

ذَٰلِكُمُ اللهُ رَبُّكُمْ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ لَّا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ فَأَنَّىٰ تُؤْفَكُونَ

سورة غافر: ٦٢

«Ин аст Аллоҳ, Парвардигори шумо, офаринандаи ҳама чиз, ҳеҷ маъбуде (ба ҳақ) ҷуз Ӯ нест, пас, чӣ гуна (аз парастиши Ӯ) мунҳариф мешавед?»   (Сураи Ғофир: 62).

Гуногунӣ ва бузургии ин махлуқот, тарзу шеваи мукаммал ва дақиқи онҳо ва ҳифзу нигоҳдорӣ ва идораи онҳо, ҳамаи инҳо далолатгари он аст, ки офаридгор ягона аст, ҳар чизеро бихоҳад, анҷом медиҳад ва ба ҳар тавре ки бихоҳад, ҳукм мекунад.

اللهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ وَكِيلٌ

سورة الزمر: ٦٢

«Аллоҳ офаридгори ҳама чиз аст ва Ӯ бар ҳама чиз нигаҳбон аст».   (Сураи Зумар: 62).

Ҳама суханони дар боло зикршуда баёнгари он аст, ки ин махлуқот холиқ ва офаридгоре доранд, ин мулк молике дорад ва дар паси ин сурат (ва шаклҳову ҳайатҳои гуногуну зебо) мусаввир (тасвиргар ва суратдиҳанда) аст.

هُوَ اللهُ الْخَالِقُ الْبَارِئُ الْمُصَوِّرُ

سورة الحشر: ٢٤

«Ӯст Аллоҳ, офаридгор, навофарин, мусаввир (тасвиргар ва суратдиҳанда)».   (Сураи Ҳашр: 24).

Пойдории осмонҳову замин, бонизом ва батартибии коинот ва ҳамоҳангиву созгории махлуқот об якдигар далолатгари он аст, ки офаридгор ягона аст ва шарике надорад.

لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللهُ لَفَسَدَتَا فَسُبْحَانَ اللهِ رَبِّ الْعَرْشِ عَمَّا يَصِفُونَ

سورة الأنبياء: ٢٢

«Агар дар осмону замин маъбудоне ҷуз Аллоҳ мебуд, ҳатман осмону замин табоҳ мешуданд. Пас Аллоҳ, Парвардигори Арш аз он чи васф мекунанд, поку муназзаҳ аст».   (Сураи Анбиё: 22).

Ин махлуқоти бузург, ё ин ки онҳо худашонро офаридаанд, ин ғайриимкон аст . . Ва ё инсон аввал худро офарид ва сипас дигар махлуқотро офарид ва ин ҳам ғайриимкон аст.

أَمْ خُلِقُوا مِنْ غَيْرِ شَيْءٍ أَمْ هُمُ الْخَالِقُونَ ❁ أَمْ خَلَقُوا السَّمَوَاتِ وَالأَرْضَ بَل لا يُوقِنُونَ

سورة الطور: ٣٥-٣٦

«Оё онҳо бе ҳеҷ офаринандае офарида шудаанд, ё худ офаридгори хешанд? Оё онҳо осмонҳову заминро офаридаанд? Балки онҳо бовар намекунанд».   (Сураи Тур: 35-36).

Ақл, ваҳй ва фитрат далолат мекунанд, ки барои ин вуҷуду ҳастӣ эҷодкунандае ҳаст ва барои ин махлуқот холиқе ҳаст. Ӯ зиндаи поянда (мудаббири тамоми коинот), донои огоҳ ва бахшояндаи меҳрубон аст. Ӯ номҳои зебову сифатҳои олӣ дорад, ҳама чизро медонад, ҳеҷ чиз Ӯро оҷизу нотавон карда наметавонад ва ҳеҷ чиз ба Ӯ монанд нест.

وَإِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ لَّا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ الرَّحْمَٰنُ الرَّحِيمُ

سورة البقرة: ١٦٣

«Маъбуди шумо маъбуди ягона аст, ки ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Ӯ вуҷуд надорад, бахшандаи меҳрубон аст».   (Сураи Бақара: 163).

Вуҷуду ҳастии Аллоҳ ба таври зарурат маълум аст ва ин чиз барои ақлҳо ошкору возеҳ аст.

قَالَتْ رُسُلُهُمْ أَفِي اللهِ شَكٌّ فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ

سورة إبراهيم: ١٠

«Паёмбаронашон гуфтанд: "Оё дар (вуҷуди) Аллоҳ, офаринандаи осмонҳову замин шакке аст?"».   (Сураи Иброҳим: 10).

Аллоҳ мардумро бар иқрор намудани рубубият ва ягонагии худ офарид, вале шайтонҳо назди фарзандони Одам омада, онҳоро аз динашон дур сохтанд. Дар ҳадиси қудсӣ омадааст: «Ҳамоно Ман ҳамаи бандагонамро бар роҳи рост офаридам, аммо шайтонҳо назди онҳо омада, онҳоро аз динашон дур сохтанд ва ончиро ки Ман барои онон ҳалол қарор додам, ҳаром намуданд».   Ривояти Муслим (рақами ҳадис: 2865).

Пас баъзе аз онҳо вуҷуди Аллоҳро инкор карданд ва баъзеи дигар шайтонҳоро мепарастанд ва баъзеашон инсонро парастиш мекунанд.

Ва бархе аз онон динор, оташ, шармгоҳи зан ва ё ҳайвонро мепарастанд.

Ва баъзеи дигар сангеро аз замин ва ё ситораеро дар осмон шарики Ӯ қарор додаанд.

Ва ин маъбудон ғайр аз Аллоҳ чизеро наофаридаанд, (ба касе) рӯзӣ надодаанд, намешунаванд, намебинанд, фоида намеоранд ва зарар намерасонанд. Пас чӣ гуна онҳоро ба ҷои Аллоҳ ибодат мекунанд?

أَأَرْبَابٌ مُّتَفَرِّقُونَ خَيْرٌ أَمِ اللهُ الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ

سورة يوسف: ٣٩

«Оё маъбудони пароканда беҳтаранд, ё Аллоҳи ягонаи қаҳҳор?»   (Сураи Юсуф: 39).

Аллоҳ таъоло он касонеро, ки бутҳоеро ки намешунаваду намебинанд ва ақлу хираде надоранд, мепарастанд, сарзаниш намуда фармудааст:

إِنَّ الَّذِينَ تَدْعُونَ مِن دُونِ اللهِ عِبَادٌ أَمْثَالُكُمْ فَادْعُوهُمْ فَلْيَسْتَجِيبُوا لَكُمْ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ ❁ أَلَهُمْ أَرْجُلٌ يَمْشُونَ بِهَا أَمْ لَهُمْ أَيْدٍ يَبْطِشُونَ بِهَا أَمْ لَهُمْ أَعْيُنٌ يُبْصِرُونَ بِهَا أَمْ لَهُمْ آذَانٌ يَسْمَعُونَ بِهَا

سورة الأعراف: ١٩٤ - ١٩٥

«Бе гумон, онҳоеро, ки ба ҷуз Аллоҳ мехонед, бандагоне ҳамчун шумо ҳастанд. Пас, онҳоро бихонед, то (дуои) шуморо иҷобат кунанд, агар (дар даъвои худ) ростгӯед. Оё онон пойҳое доранд, ки бо он роҳ бираванд ё дастҳое доранд, ки бо он чизеро бигиранд? Ё чашмоне доранд, ки бо он бубинанд ё гӯшҳое доранд, ки бо он бишнаванд?»   (Сураи Аъроф: 194 - 195).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

قُلْ أَتَعْبُدُونَ مِن دُونِ اللهِ مَا لَا يَمْلِكُ لَكُمْ ضَرًّا وَلَا نَفْعًا وَاللَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ

سورة المائدة: ٧٦

«Бигӯ: "Оё чизеро ба ҷойи Аллоҳ мепарастед, ки наметавонад зиёну суде ба шумо бирасонад? Ва Аллоҳ шунавои доност"».   (Сураи Моида: 76).

Чӣ қадар инсон аз Парвардигораш, ки ӯро биёфарид ва рӯзияш дод, бехабар аст. Чӣ гуна Ӯро инкор мекунад ва Ӯро фаромӯш мекунад ва (ба ҷои Ӯ) дигареро мепарастад?

فَإِنَّهَا لَا تَعْمَى الْأَبْصَارُ وَلَٰكِن تَعْمَى الْقُلُوبُ الَّتِي فِي الصُّدُورِ

سورة الحج: ٤٦

«Ба ростӣ, чашмҳо нобино намешаванд, балки дилҳое, ки дар синаҳост, нобино мешаванд».   (Сураи Ҳаҷ: 46).

Аллоҳ поку муназзаҳ ва бартар аст аз он чи шарики Ӯ қарор медиҳанд. Ҳамду сано барои Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён.

قُلِ الْحَمْدُ لِلَّهِ وَسَلَامٌ عَلَى عِبَادِهِ الَّذِينَ اصْطَفَى آللهُ خَيْرٌ أَمَّا يُشْرِكُونَ ❁ أَمَّنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَأَنْزَلَ لَكُمْ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَنْبَتْنَا بِهِ حَدَائِقَ ذَاتَ بَهْجَةٍ مَا كَانَ لَكُمْ أَنْ تُنْبِتُوا شَجَرَهَا أَإِلَهٌ مَعَ اللهِ بَلْ هُمْ قَوْمٌ يَعْدِلُونَ ❁ أَمَّنْ جَعَلَ الْأَرْضَ قَرَارًا وَجَعَلَ خِلَالَهَا أَنْهَارًا وَجَعَلَ لَهَا رَوَاسِيَ وَجَعَلَ بَيْنَ الْبَحْرَيْنِ حَاجِزًا أَإِلَهٌ مَعَ اللهِ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ ❁ أَمَّنْ يُجِيبُ الْمُضْطَرَّ إِذَا دَعَاهُ وَيَكْشِفُ السُّوءَ وَيَجْعَلُكُمْ خُلَفَاءَ الْأَرْضِ أَإِلَهٌ مَعَ اللهِ قَلِيلًا مَا تَذَكَّرُونَ ❁ أَمَّنْ يَهْدِيكُمْ فِي ظُلُمَاتِ الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَمَنْ يُرْسِلُ الرِّيَاحَ بُشْرًا بَيْنَ يَدَيْ رَحْمَتِهِ أَإِلَهٌ مَعَ اللهِ تَعَالَى اللهُ عَمَّا يُشْرِكُونَ ❁ أَمَّنْ يَبْدَأُ الْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُ وَمَنْ يَرْزُقُكُمْ مِنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ أَإِلَهٌ مَعَ اللهِ قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

سورة النمل: ٥٩ - ٦٤

«Бигӯ: "Ҳамду сипос аз они Аллоҳ аст ва дуруду салом бар бандагонаш, ки (ононро) баргузидааст". Оё Аллоҳ беҳтар аст ё он чизҳое, ки шарик месозанд? (Оё маъбудони шумо беҳтаранд) Ё касе, ки осмонҳову заминро офарид ва аз осмон бароятон об фиристод ва бо он (борон) боғҳои хуррам рӯёнидем, ки ҳаргиз тавони рӯёнидани дарахтонро надоштед? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ вуҷуд дорад? (На). Балки онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки (аз роҳи ҳаққу имон) каҷ мераванд (ва ба Аллоҳ ширк меоваранд). (Оё маъбудони шумо беҳтаранд) Ё касе, ки заминро қароргоҳ сохт ва миёни он ҷӯйборҳое пайдо кард ва барои он (замин) кӯҳҳое (собиту устувор) офарид ва дар миёни ду дарё монеае қарор дод? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ вуҷуд дорад? (На) Балки бештарашон намедонанд. (Оё маъбудони шумо беҳтаранд) Ё касе, ки (дуои) дармондаро иҷобат мекунад, чун Ӯро бихонад ва сахтиро дур мекунад ва шуморо ҷонишинони замин қарор медиҳад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ вуҷуд дорад? Чӣ андак панд мегиред. (Оё маъбудони шумо беҳтаранд) Ё касе, ки шуморо дар торикиҳои биёбону дарё (ба василаи моҳу ситорагон) роҳ менамояд ва касе ки пешопеши раҳмати худ бодҳоро хушхабар мефирстад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ вуҷуд дорад? Аллоҳ бартар аст аз он чи барои Ӯ шарик қарор медиҳанд. (Оё маъбудони шумо беҳтаранд) Ё касе, ки офаринишро оғоз мекунад, сипас онро (пас аз марг) бозмегардонад ва касе ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ вуҷуд дорад? Бигӯ: "Агар рост мегӯед, далели худро биёваред"».   (Сураи Намл: 59 - 64).

Сарчашма: Аз китоби "Усулу-д-дини-л-исломӣ" таълифи Шайх Муҳаммад ибни Иброҳим Тувайҷирӣ