Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аммо дар мавриди таҳсили духтарон дар ин гуна ҷомеаҳои омехта ва дар ин муҳити фасод, лутфан ба ҷавоби саволи рақами (5384) руҷӯъ кунед.
Аммо ҳадиси дар боло зикршуда, ҳадиси зерин мебошад:
«Илмро талаб кунед, гарчи дар Чин бошад, зеро талаби илм барои ҳар мусулмон фарз аст».
Шайх Албонӣ ин ҳадисро дар китоби Заифу-л-ҷомиъ таҳти шумораи (906) мавзуъ (бофта) гуфтааст.
Ҳадиси саҳеҳи собит (дар ин бора) ҳадисест, ки онро Ибни Моҷа аз Анас ибни Молик ривоят кардааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Талаби илм бар ҳар мусулмон фарз аст». (220). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳи сунани Ибни Моҷа" саҳеҳ донистааст.
Мақсад аз илм дар инҷо илми шариат мебошад.
Саврӣ гуфтааст: Он илмест, ки банда барои надонистани он маъзур ҳисобида намешавад.
Аллоҳ донотар аст.