Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Гузаронидани вақт бо тамошои филмҳову сериалҳо ва бозиҳо дар Рамазон

Савол

Баъзе аз рӯзадорон аксари вақташонро дар рӯзи Рамазон бо тамошои филмҳову сериалҳо аз видеову телевизион ва қартабозӣ мегузаронанд. Ҳукми он чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бар рӯзадор ва дигар мусулмонон воҷиб аст, ки дар тамоми вақтҳо нисбати он чи, ки анҷом медиҳанд ва анҷом намедиҳанд, аз Аллоҳ таъоло битарсанд. Бояд аз ҳаром кардаҳои Аллоҳ, аз ҷумла тамошои филмҳои бемаънӣ, ки дар он ҳаром кардаҳои Аллоҳ зоҳир мегардад, ба монанди суратҳои бараҳнаву нимбараҳна, суханони ношоиста ҳазар намояд ва инчунин аз он чи ки дар телевизион зоҳир мешавад ва он хилофи шариати Аллоҳ бошад, ба монанди суратҳову сурудҳо, олатҳои лаҳв ва даъватҳои гумроҳкунанда, ҳазар намояд. Инчунин  бар мусулмон, хоҳ рӯзадор бошад ва хоҳ на, воҷиб аст, ки аз бозӣ намудан бо олоти лаҳв, мисли карта ва аз дигар олоти лаҳву беҳуда барҳазар бошад, зеро он тамошои мункару нописанд ва амали зишт аст. Бо сабаби чунин бозиҳо, қалб сахт ва бемор гардида, нисбати шариати Аллоҳ беаҳмият мешавад ва воҷибҳои Аллоҳ таъоло ба монанди намози ҷамоат ва дигар воҷибҳо бар ӯ вазнин гардида, онҳоро тарк менамояд ва ба бисёре аз ҳаромҳо воқеъ мегардад. Аллоҳ таъоло мефармояд:

 وَمِنَ النَّاسِ مَن يَشْتَرِي لَهْوَ الْحَدِيثِ لِيُضِلَّ عَن سَبِيلِ اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَيَتَّخِذَهَا هُزُوًا  أُولَٰئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ مُّهِينٌ . وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِ آيَاتُنَا وَلَّىٰ مُسْتَكْبِرًا كَأَن لَّمْ يَسْمَعْهَا كَأَنَّ فِي أُذُنَيْهِ وَقْرًا  فَبَشِّرْهُ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ

   سورة لقمان/6-7 

"Ва баъзе аз мардум харидори суханони беҳудаанд, то ба нодонӣ мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ кунанд ва Қуръонро ба масхара мегиранд. Барои он гурӯҳ азоби хоркунандааст. Ва чун оёти Мо бар онҳо хонда шавад, бо худписандӣ рӯй баргардонанд, чунон ки гӯё онро нашунидаанд. Ё монанди касе, ки гӯшҳояш вазнин шуда бошад. Ӯро ба азобе дардовар мужда деҳ".   (Сураи Луқмон: 6-7).

Инчунин Аллоҳ таъоло дар васфи бандагони Аллоҳи Раҳмон мефармояд:

 وَالَّذِينَ لا يَشْهَدُونَ الزُّورَ وَإِذَا مَرُّوا بِاللَّغْوِ مَرُّوا كِرَاماً

  الفرقان/72 .

 "Ва онон, ки ба дурӯғ шоҳидӣ намедиҳанд ва чун бар лағву беҳудае бигзаранд, бузургворона мегузаранд (яъне аз он дурӣ меҷӯянд)".   (Сураи Фурқон: 72).

"Дурӯғ" ҳамаи намудҳои мункарро дарбар мегирад. Маънои "шоҳидӣ намедиҳанд" яъне, иштирок намекунанд.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

 لَيَكونَنَّ مِن أُمَّتي أقْوامٌ، يَسْتَحِلُّونَ الحِرَ والحَرِيرَ، والخَمْرَ والمَعازِفَ 

"Аз уммати ман мардуме хоҳанд омад, ки зино ва пӯшидани абрешим ва шаробу мусиқиро ҳалол мешуморанд".   Бухорӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳ"-и худ ба шакли муаллақи қатъӣ ривоят кардааст.

Маънои калимаи (الحِرَ) "ал-ҳира" дар ҳадис, зино ва бе никоҳ алоқаи ҷинсӣ кардан аст. Маънои калимаи (المَعازِفَ) "ал-маъозиф" суруду мусиқӣ ва олатҳои лаҳв мебошад. Зеро Аллоҳ таъоло бар мусулмонон василаҳои ба ҳаромҳо воқеъ шуданро ҳаром гардонидааст. Ҳеҷ шубҳае нест, ки тамошои филмҳои мункару зишт ва барномаҳои телевизионии бемаънӣ аз василаҳои воқеъ шудан ба ҳаром ё беаҳмиятӣ дар инкор накардани он аст. Аллоҳ ёрӣ намояд.

Сарчашма: "Фатово"-и Шайх Ибни Боз Ҷ/4 Саҳ/158.