Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Мустаҳиққони закоти фитр

Савол

Оё закоти фитр ба ғайр аз фақирону мискинон, ба он гуруҳи ҳаштгонаи закотгирандагоне, ки дар Қуръон зикр шудаанд, дода мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар ин масъала байни донишмандон (раҳмати Аллоҳ бар онҳо бод) ихтилоф аст. Дидгоҳи донишмандони мазҳаби шофеӣ ин аст, ки закоти фитр ба мустаҳиққони закоти мол сарф карда мешавад.

Ба китоби "Асна-л-матолиб" (1/402) нигар.

Донишмандони мазҳаби моликӣ бар ин назаранд, ки закоти фитр танҳо ба фақирону мискинон дода мешавад. Шайхул ислом Ибни Таймия, Ибни Қаййим ва аз муосирон Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ҳамаи онҳо бод) ин дидгоҳро ихтиёр кардаанд.

Дар китоби "Ҳошияту-д-дасуқи" (1/508) омадааст: "Закоти фитр ба мусулмони озоди фақири ғайри ҳошимӣ дода мешавад.. Ба ҷамъоварандаи закот ва барои ба даст овардани дили ғайри мусулмон ва барои озод кардани ғулом ва барои қарздор, муҷоҳид ва мусофире, ки бо воситаи он ба кишвари худ бирасад, дода намешавад. Балки ба касе дода мешавад, ки дар ӯ васфи фақру камбағалӣ бошад".

Шайхул ислом Ибни Таймийя (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Далели ин дидгоҳ қавитар аст". Поёни сухан аз китоби "Маҷмӯу фатово"-и Шайхул ислом (25/71).

Ибни Қаййим дар китоби "Зоду-л-маод" (2/22) гуфтааст: "Хос кардани мискинону камбағалон бо ин садақа (яъне закоти фитр) аз суннати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) буд, ки онро ба гурӯҳи ҳаштгона тақсим наменамуд ва инчунин касеро ба ин кор амр накардааст ва ҳеҷ касе аз саҳобагон ва касоне, ки пас аз онон омаданд, ин корро накардаанд. Балки яке аз дидгоҳҳо назди мо ин аст, ки додани закоти фитр ба ғайри мискинон ҷоиз нест. Ин дидгоҳ аз дидгоҳе, ки тақсим намудани онро ба гурӯҳи ҳаштгона воҷиб медонад, роҷеҳтару саҳеҳтар аст".

Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Мустаҳиққони закоти фитр танҳо фақирону мискинон мебошанд, зеро аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) собит шудааст, ки фармудааст: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) закоти фитрро поккунандаи рӯзадор аз хатогӯиву гуноҳ ва таоме барои камбағалон фарз намуд". Поёни сухан аз китоби "Маҷмӯу-л-фатово" (14/202).

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб