Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми намози ҷумъа барои зан

Савол

Модарам намозҳои панҷгона ва тамоми намозҳои суннат, аз ҷумла намози зуҳо ва витрро мехонад, аммо дар рӯзи ҷумъа танҳо дар масҷиди ҷомеъе, ки тақрибан нӯҳ километр дур аст, намоз мегузорад. Ман ба ӯ насиҳат мекунам, ки намози зан дар хонааш барояш беҳтару дурусттар аст, вале ӯ исрор дорад, ки дар рӯзи ҷумъа ба масҷид биравад. Оё хориҷ шудани ӯ барои намоз ишколе дорад?

 

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Ҳеҷ боке надорад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Канизони Аллоҳро аз рафтан ба масҷидҳои Аллоҳ боз надоред».

Агар ӯ барои шунидани хутба ва истифода бурдан аз он, бо сатру ҳиҷоб ва эҳтиёткорона берун биравад, ин амал ҳеҷ боке надорад ва ҳеҷ ишколе бар ӯ нест. Аммо хонааш барояш беҳтар аст ва дар хона чаҳор ракъат намози пешин мехонад. Вале агар (барои намози ҷумъа) берун барояд, дар ҳоле ки эҳтиёткору боҳиҷоб ва эмин бошад ва нияташ нек ва гӯш кардани хутба ва истифода бурдан аз он бошад, ӯро боз мадоред, чунки дар ин амал ҳеҷ боке нест ва ҳеҷ ишколе бар ӯ нест, иншааллоҳ.

Занон бо ҳамроҳи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар масҷиди ӯ намоз мехонданд ва дар хутба ва намози ҷумъа ҳозир мешуданд. Бисёре аз занон бо ҳамроҳи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар намози ҷумъа иштирок мекарданд, аз ин рӯ, ин амал ҳеҷ боке ва ишколе надорад, вале «хонаҳояшон барояшон беҳтар аст». Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)
"Фатово нурун ала-д-дарб" (2/1051).

Сарчашма: Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод), "Фатово нурун ала-д-дарб" (2/1051).