Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё дуои маъсуре вуҷуд дорад, ки ҳангоми ғусл гуфта шавад?

150959

Таърихи нашр : 24-12-2020

Мушоҳидаҳо : 2232

Савол

Оё дуои маъсуре (дуои ривоят шуда аз паёмбар ё саҳоба ё гузаштагони некӯкор) вуҷуд дорад, ки ҳангоми ғусл гуфта шавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дуои махсусе барои ғусл дар суннат (ҳадисҳои паёмбар) ворид нашудааст, аммо аксарияти фақеҳон мустаҳаб донистаанд, ки дар оғози ғусл "Бисмиллоҳ" гуфта шавад. Чуноне ки дар вузӯ низ ҳамин тавр аст, ҳарчанд далелҳои махсусе дар мавриди ғусл ворид ҳам нашуда бошад.

Ал-Мардовӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Бидон, ки ҳукми "Бисмиллоҳ" гуфтан дар ҳангоми ғусл, ба монанди ҳукми "Бисмиллоҳ" гуфтан дар ҳангоми вузӯ, масъалаест, ки дар он байни мазҳабҳо ихтилоф вуҷуд дорад. Поёни сухан аз китоби "Ал-Инсоф" (1/188).

Қаблан тавзеҳ дода шуд, ки саҳеҳтарин дидгоҳ ин аст, ки дар ҳангоми вузӯ ва ғусл "Бисмиллоҳ" гуфтан мустаҳаб аст. Ба ҷавоби саволи рақами (83172) нигаред.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб