Воҷиб он аст, ки рӯза ҳангоме гирифта шавад, ки дидани ҳилол собит гардад, ҳатто агар онро танҳо як мусалмони одил дида бошад. Чунонки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармон дод, ки рӯза гирифта шавад, вақте як марди бодиянишин шаҳодат дод, ки ҳилолро дидааст.
Аммо истидлол ба ҳадиси «Бо дидани он рӯза гиред ва бо дидани он ифтор намоед» ба ин маъно, ки ҳар фард танҳо дар сурате рӯза мегирад, ки ҳилолро шахсан худаш бинад, дуруст нест. Зеро ин ҳадис хитоби умумӣ буда, дастур медиҳад, ки ҳангоми собит шудани рӯъяти ҳилол рӯза гирифта шавад, ҳатто агар он аз ҷониби як мусалмони одил анҷом ёфта бошад.
Фатово-л-лаҷнати-д-доима, 10/94.
Аз ҷумлаи далелҳое, ки боз ҳам гувоҳӣ медиҳанд, ки дидани ҳилол аз ҷониби як мусалмони одил ва боэътимод барои воҷиб гардидани рӯза бар ҳамаи мусалмонон кофист, ҳадиси Ибни Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) мебошад. Ӯ мефармояд:
«Мардум дар ҷустуҷӯи ҳилол буданд. Ман ба расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додам, ки ҳилолро дидаам. Пас ӯ худ рӯза гирифт ва мардумро низ ба рӯза гирифтан амр кард».
Ин ҳадисро Абудовуд дар "Сунан"-и худ, дар китоби "Рӯза", боби "Дар баёни шаҳодати як нафар бар дидани ҳилоли Рамазон" ривоят кардааст.
Баъзе аз аҳли бидъат дар рӯза гирифтан аз дигар мусалмонон ақиб мемонанд, ба сабаби эътиқоди гумроҳонаи худ, ки гӯё рӯза бар инсон воҷиб намегардад, магар он ки ҳилолро шахсан худаш бубинад. Дар ҳоле ки ҳадисҳо ин андешаро рад мекунанд. Дар ин сурат метавон аз онҳо пурсид: пас нобиноён ва касоне, ки биноияшон заъиф аст, чӣ бояд кунанд?
Ҳақиқат ҳамон гуна аст, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:
فَإِنَّهَا لَا تَعْمَى الْأَبْصَارُ وَلَٰكِن تَعْمَى الْقُلُوبُ الَّتِي فِي الصُّدُورِ
سورة الحج: ٤٦
«Ба ростӣ, чашмҳо нобино намешаванд, балки дилҳое, ки дар синаҳоянд, нобино мегарданд». (Сураи Ҳаҷ: 46).
Ва Аллоҳ ҳидоятгар ба роҳи рост аст.