Духтаре мусулмон шудааст ва аҳли хонаводааш бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ӯро аз дини Ислом баргардонанд. Ӯ чӣ бояд кунад?

Савол 212359

Духтаре дар Русия Исломро қабул карда, ҳиҷоби шаръӣ пӯшидааст. Аҳли хонаводааш ба ин муносибати сахт нишон дода, мехоҳанд, ки ӯ аз дини Ислом баргардад. Ӯро барои муҳокимаи Исломаш ба пулис бурданд. Вақте ки ӯ дархости онҳоро қабул накард (ва аз дини худ барнагашт), аҳли хонаводааш тамоми либосҳои шаръии ӯро сӯзонда, барояш либосҳои кӯтоҳ хариданд.
Ҳоло ӯ чаҳор моҳ боз аз хона берун намебарояд ва аҳли хонаводааш бар ӯ фишори зиёд меоранд. Ӯ дар хонаводааш ягона мусулмон буда, маҳраме надорад ва 20 сол дорад. Ҳар гоҳе аз хона берун шавад, таҳти назорати пайвастаи аҳли хонаводааш қарор дорад ва ҳатто дастгоҳи электрониаш низ таҳти назорат аст.
Дар чунин вазъият ӯ чӣ бояд кунад? Оё (ба кишвари дигар) сафар кунад ё дар он ҷо бимонад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Бар ин духтар воҷиб аст, ки аз муҳите, ки дар он ҷо бар зидди дини ӯ мубориза бурда мешавад ва ӯ мавриди фитна ва озмоиш дар динаш қарор мегирад, берун шавад, зеро эҳтимол дорад, ки онҳо муваффақ шаванд ӯро аз дини Аллоҳ боздоранд. Ӯ бояд ба наздиктарин макони амне паноҳ барад, ки дар он ҷо битавонад ҷону динашро дар амон нигоҳ дорад.

Барои берун шудан аз он ҷо, ҷоиз аст, ки аз баъзе роҳу усулҳои ҳилаомез истифода барад ё ба онҳо дурӯғ бигӯяд ва ё аз шахси амонатдору боэътимоде, ки метавонад дар ин кор ба ӯ кӯмак расонад, ёрӣ бипурсад.
Бар ӯ ҷоиз нест, ки дар маконе бимонад, ки дар он ҷо динаш мавриди озмоиш қарор мегирад, магар ин ки роҳи раҳоӣ ва гурез аз он ҷо барояш имконнопазир бошад.

Агар ӯ аз раҳоӣ ёфтан оҷиз бошад, бояд сабр пеша кунад ва ранҷу азоберо, ки ба ӯ мерасад, бо умеди савоб таҳаммул намояд. Ҳамчунин, набояд бо аҳли хонаводааш ба гунае бархӯрд кунад, ки онҳоро бар зидди худ барангезад ва боиси он гардад, ки ӯро озор диҳанд ё шиканҷа кунанд.

Ӯ бояд бо дуо аз Аллоҳ таъоло ёрӣ бихоҳад ва бо изҳори ниёзу зорӣ аз Ӯ талаб кунад, ки барояш роҳи раҳоӣ ва баромадан аз ин вазъро фароҳам созад. Ҳамчунин, дар вақтҳои қабули дуо бояд ба зикри Аллоҳ таъоло ва зориву тавалло ба даргоҳи Ӯ бештар машғул шавад.

Ҳар касе аз вазъи ӯ огоҳ бошад ва тавони кумак ба ӯро дошта бошад, бар ӯ воҷиб аст, ки ба ёриаш бишитобад. Барои мусулмон ҷоиз нест, ки бародари мусулмони худро дар ҳоле, ки метавонад ӯро аз фитна дар динаш раҳо созад, ба чунин озмоиш вогузорад.

Ва Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Даъвати мусулмонон

Сарчашма

Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android