Ҷумъа 28 Ҷумода-л-уло 1446 - 29 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми пайванди узвҳои таносулӣ

2141

Таърихи нашр : 08-12-2023

Мушоҳидаҳо : 692

Савол

Ҳукми ҷарроҳии пайванди байза (тухм, хоя) аз шахсе, ки ба тозагӣ фавтидааст, ба шахси дигар чист? Ин ҷарроҳӣ метавонад барои шахси безуриёт роҳи ҳал бошад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шӯрои "Маҷмаъу-л-фиқҳи-л-исломӣ" ба ин савол чунин посух доданд:

Аввал:

Пайванди ғадуди таносулӣ: 

Азбаски байза ва тухмдон ҳатто пас аз пайванд ва интиқол намудани онҳо ба бадани нав сифатҳои ирсӣ ва генетикии шахси аслиро идома медиҳанд, бинобарин пайванди ин ду тибқи Шариъат ҳаром аст.

Дуввум:

Пайванди узвҳои таносулӣ: 

Пайванди баъзе узвҳои таносулӣ, ки сифатҳои ирсӣ ва генетикиро намегузаронанд - ба истиснои аврати муғаллаза - дар ҳолатҳои зарурӣ, тибқи қоидаву меъёрҳои шаръӣ ҷоиз аст.

 Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Маҷмаъу-л-фиқҳи-л-исломӣ, саҳ 121